Эмомалӣ Раҳмон дар мактаби Гулбутта (Видео)

Бознашр аз сомонаи Ахбор.

Шоми 3 октябр дар барномаи «Ахбор” гузориши 12-дақиқагӣ дар бораи ширкати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби рақами 59 дар деҳаи Гулбутта нашр шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин гузориш низ чанд лаҳзаи кӯтоҳ зоҳир мешавад ва ягон пора аз суханрониҳояш истифода нашудааст.

Дар гузориши 12-дақиқагие, ки шоми 3 октябр дар барномаи «Ахбор”-и телевизиони давлатӣ аз ширкати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ нашр шуд, боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ чанд лаҳзаи кӯтоҳ намудор мешавад. 

Дар гузориш аз суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон ягон пора истифода накардаанд. Ҳамин тавр, дар чандин лаҳзае, ки президентро намоиш медиҳанд, дида мешавад, ки дасти чапи ӯ бисёр вақт дар ҷайбаш аст. 

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Гулбутта ва ширкаташ дар маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби рақами 59 дар пайи сарусадоҳое буд, ки рӯзҳои охир пиромуни вазъи саломатии ӯ мечарханд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон зоҳиран талош дорад, ин овозаҳоро рафъ кунад. Ин ниҳод пештар аз ҷараёни маросими ифтитоҳи бинои нави мактаби рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ 30 акс нашр кард, ки 14 аксаш аксҳои худи президент дар ин маросим аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо хонандагон ва муаллимони мактаби рақами 59 аксҳои муштарак гирифта, ҳамчунин ҳангоми буридани лентаи бинои нави мактаб, дар роҳрав ва синфхонаҳои ин муассисаи таълимӣ зоҳир мешавад.

Ӯро дар ин сафари корӣ писараш Рустами Эмомалӣ, мушовирони калидиаш, аз ҷумла Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Асадулло Раҳмон, вазири маориф Нуриддин Саид ҳамроҳӣ мекунанд.

Табассум ва чеҳраи болидаи президент дар чанд акс нишон медод, ки ӯ ҳатто агар дар ин байн, тавре иддао мешавад, мариз ҳам шуда бошад, ҳоло ба по хестааст.

Рӯзҳои охир дар Интернет дар бораи вазъи саломатии Эмомалӣ Раҳмон сарусадоҳои зиёде мечархид. Чанд рӯз паиҳам зоҳир нашудани чеҳраи президент дар барномаи «Ахбор”-и телевизиони давлатӣ ва гузориши телевизионӣ аз сафари рӯзи 1 октябри ӯ ба боғи «Пешвои миллат” дар ноҳияи Хуросонро асосан бо наворҳои кӯҳна аз бойгонӣ пур кардани телевизиони давлатӣ ҳадсу гумонҳо дар бораи саломатии Эмомалӣ Раҳмонро бештар кард.

Бисёриҳо ба ин далел оғози мунтазири ҳафтаи нави корӣ буданд, ки президент дар ягон маросим ё мулоқот зоҳир шавад ва ҳақиқати ҳоли ӯ маълум гардад.

Аммо агар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба боғи «Пешвои миллат” натавонист ба тамоми овозаҳо дар бораи ӯ хотима диҳад, зоҳиран ҳузури ӯ дар маросими ифтитоҳи мактаби рақами 59 дар Гулбутта ба ин ҳама баҳсҳое, ки тақрибан 5 рӯз боз идома дошт, нуқта мегузорад. Вале маълум нест, ки чаро барои рафъи пурраи ин сарусадоҳо дар 12 дақиқа гузориши расмии «Ахбор” худи президент хеле кам гузоштааст ва аз суханрониҳову сӯҳбатҳояш аслан истифода накардаанд?

14 АКСИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА БАҲСИ САЛОМАТИАШ НУҚТА ГУЗОШТ

http://akhbor.com/-p3683-117.htm

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЗАМИНФУРӮШӢ БА ЯК ДАРДИ БЕДАВО ТАБДИЛ ЁФТААСТ

САВОЛҲОЕ КИ ВИДЕОИ САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВУҶУД ОВАРД

ХАНДАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОҒИ «ПЕШВОИ МИЛЛАТ” (ВИДЕО ВА 12 АКС)

«ҲАМСИНФ”: ХАБАРИ БЕМОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ФАНТАЗИЯ АСТ

ХОМӮШИИ ТААҶҶУБОВАР ДАР МАВРИДИ ВАЗЪИ САЛОМАТИИ ПРЕЗИДЕНТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *