Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эмомалӣ Раҳмон харҷи буҷаро 450 миллион сомонӣ кам кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳаҷми харҷи буҷаи соли 2016-ро 450 миллион сомонӣ кам кард.

Бар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июни соли равон, касри буҷаи соли 2016 дар ҳаҷми 0,5 дарсад нигоҳ дошта хошад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати молия ва Оҷонсии нафақаю суғуртаи иҷтимоӣ дастур дод, ки тағйироти дахлдорро ба қисми хароҷоту даромади будҷа ворид намоянд. Ҳукумат масъулин ва раҳбарони ниҳодҳоро дар иртибот ба ин тағйирот огоҳ намуда, муваззаф намуд, ки ин тағйиру иловаҳо ба Маҷлиси намояндагон фаҳмонда шавад.
Соли 2016 буҷа дар ҳудади 18,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Дар пайи буҳрони молиявӣ, ки боиси коҳиши интиқоли маблағ, гардиши мол ва ғайр гардид, нақшаи буҷа тайи моҳҳои гузашта иҷро нагардид.

Бо вуҷуди оне ки нақшаи буҷа дар семоҳаи аввали сол иҷро нагардид, вале расиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаву ташкилоти буҷавӣ, андозу нафақаву стипендияро аз 1 июни соли ҷорӣ мутаносибан аз 15 то 30 дарсад боло бурд, ва музди меҳнати миёнаро беш аз 400 сомонӣ таъйин кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.