Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эмомалӣ Раҳмон: Навбати Ишкошим расид

Имрӯз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, пешвои миллат бо сокинони ноҳияи Ишкошим самимӣ ва ғайримаъмулӣ баргузор шуд. 


Омӯзгор Умед Чоршанбеев ҳангоми мулоқот бо президент изҳор намуд, ки Шумо Пешвои Миллат ибтидо ба мо гуфта будед, ки бароятон кӯҳи тилло ваъда намекунам, аммо як бурида нонро бо ҳам мебинем. Имрӯз мо шоҳиди он ҳолатем, ки Шумо барои тамоми мардуми тоҷик кӯҳи тиллоиро ба по рост намудед. Духтарон ва ҷавононе, ки чӣ бо квотаи презизентӣ ва чӣ бо роҳи анъанавӣ  донишкадаҳои Олии ҷумҳурӣ хатм карда буданд, ба сарвари давлат барои ғамхории падарона изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Пирони рӯзгордида  аз фароҳам овардани фазои сулҳу ваҳдат дар кишвар миннадорӣ ва изҳори хушнудӣ намуданд. Президент ба вазирон ва раҳбарияти вилоят дастур дод, ки мушкилоти мардуми ниҳояи Ишкошим дар мавриди оби нӯшокӣ, кишоварзӣ ва бунёди роҳҳо сари вақт ҳал карда шавад. Ҳамчунин, ба Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид дастур дод, ки минбаъд аз ноҳияи Ишкошим бештар ҷавнон ва духтарон ба таҳсил ҷалб карда шаванд. Масъалаи минтақаи озоди иқтисодӣ, тиҷорати назди сарҳадӣ ва зинда доштани номи Вахонниз мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.

Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон санги асосии мактаби рақами  21-ро, ки муосир ва муҷаҳаз хоҳад буд, гузошт. Ӯ ошкоро изҳор намуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад. Вале то имрӯз ноҳияи Ишкошим каме аз мадди назар дур афтода буд. Акнун навбати Ишкошим расид,  гуфт, ӯ.

Аз номи сокинони ноҳияи Ишкошим Амирхонум ба президенти ҷумҳурӣ санги нодиреро аз қуллаи Сомониён туҳфа карда гуфт, ки ин санг дар Рӯзи Ваҳдат рамзи далерӣ, шуҷоат, бунёдкорӣ ва қаҳрамонии шумост.13567091_1069255639811288_6483337507939451224_n

13508965_1069255756477943_4656846381301978953_n

13439128_1069255943144591_6584247472380190970_n

13521934_1069255796477939_7193810584354556110_n

13529188_1069255873144598_4929450890696893373_n

13524349_1069255809811271_7886917226801659034_n

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.