Эмомали Раҳмон ду судя ва ду раиси додгоҳро аз вазифа гирифт

 Президен Ҷумҳурии Тоҷикистон,Эмомалӣ Раҳмон  ду судя ва ду раиси додгоҳро аз вазифа барканор кардааст. Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода Исроил Назаралӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, Сангинзода Хуршед Алӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шуданд. Сабаби барканории Хуршед Сангинзода “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта шудааст.

Раисиҷумҳур Саидзода Искандар Туйчиро низ барои “риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ва содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ барканор кардааст. Холиқзода Халил Ҷумабой бошад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бинобар эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунанда, ки нисбати ӯ бароварда шудааст,озод гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *