Энергияҳои барқароршаванда – роҳи ҳалли норасоии нерӯи барқ ва пешгирии ифлосшавии ҳаво

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва захираҳои обии он, ки аз пиряхҳои дар кӯҳҳо хобида сарчашма мегиранд, бениҳоят зиёд аст. Ба ҳисоби коршиносон Тоҷикистон ҳамагӣ то панҷ фоизи ин захираҳоро истифода мебараду халос. Дар кишвар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург, ба монанди “Норак”, “Роғун”, “Сангтӯда – 1”, “Сангтӯда – 2” ва дигарҳо имкон медиҳанд, ки барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол ва барои истифодаи  дохиливу ҳамсоякишварҳо сарф шаванд. Вале бо вуҷуди ин минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат ҳанӯз ҳам аз норасоӣ ё маҳдудияти нерӯи барқ азият мекашанд. Дар бисёр мавридҳо сокинони ин гуна минтақаҳо маҷбур мешаванд, то аз сӯзишвории ба монанди ангишту ҳезум истифода баранд, ки ин барои табиат зараровар аст. Сӯхтани ангиштсанг ба истеҳсоли миқдори зиёди гази карбон оварда мерасонад. Истифодаи ҳезум ҳамчун маводи сӯхт ҳам ба масоҳати ҷангалзорҳои кишвар ва ҳам ба тозагии муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад. Бар замми ин аксари минтақаҳое, ки аз норасоии барқ танқисӣ мекашанд, маконҳои хуби сайёҳиву истироҳат мебошанд.

Имрӯз бо тараққиёти илму техника роҳҳои осон ва бехатари ҳалли ин гуна мушкилиҳо ба вуҷуд омадаанд, ки ҳоло дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз онҳо таҷриба мешаванд. Аз ҷумлаи чунин навовариҳо ин манбаҳои барқароршаванда мебошанд. Ба ин гуна манбаҳо қувваи нурҳои офтоб ва шамол дохил мешаванд, ки дар асоси он дастгоҳҳои барқистеҳсолкунанда сохта шудаанд. Ин гуна дастгоҳҳо метавонанд дар тамоми минтақаҳо фаъолият кунанд. Махсусан, дар шароити Тоҷикистон, ки кишвари офтобӣ буда, дар як сол то 230 рӯзҳои мусаффо дорад истифодаи батареяҳои офтобӣ ва таҷҳизоти аз нурҳои Офтоб нерӯгиранда хеле қулай ва манфиатнок аст. Зеро дастгоҳҳои офтобӣ хусусияти захиракунии қувваро низ доранд. Ҷиҳати дигари манфиатнокии истифодаи манбаҳои барқароршаванда дар он аст, ки бо ин роҳ мо метавонем пеши роҳи буридани дарахтон ва истифодаи зиёди сӯзишвориҳои гуногун, аз ҷумла ангиштсангро гирем.

Ҳамин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта, Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон лоиҳаи “Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об” – ро ба роҳ мондааст, ки дар доираи он ташкилот ба минтақаҳои дурдасти кишвар панелҳо ва обгармкунакҳои офтобиро бо нархҳои дастрас бурда мерасонад. Ба гуфти мушовири Ассотсиатсия Фарух Қосимов дар давоми як соли охир дар 10 ноҳияи Тоҷикистон қариб 40 объекти хурду бузургро бо таҷҳизотҳои болозикр муҷаҳҳаз гардонидаанд. Ӯ мегӯяд: “Объектҳои мо асосан муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ ва биноҳои гуногуни истироҳативу сайёҳӣ, ба монанди меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва толорҳои варзишӣ мебошанд”. Ҳамаи ин биноҳо асосан дар минтақаи кӯҳсор ҷойгиранд, ки ба он ҷо бурдани симчӯбҳои барқӣ ғайриимкон аст ё ин ки маҳдудияти истифодаи нерӯи барқ зиёд аст.

Ноҳияҳои Дарвоз ва Ш.Шоҳин аз ҷумлаи чунин минтақаҳоянд. Табиати зебову обу ҳавои мусаффои ин мавзеъ диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро бисёр ба худ ҷалб кардааст. Ба гуфти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дарвоз – Олим Сангов сайёҳони хориҷӣ ба ин ноҳия асосан барои шикори бузи Морхур меоянд, ки ин як навъи бисёр нодир буда, иҷозатнома барои шикори он бисёр гарон меистад. Бо вуҷуди ин ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон маҳз ба ҳамин хотир ба ин ҷо меоянд. Барои онҳо бошад, шароити мусоиди зисти муваққатӣ бояд муҳайё бошад. Чуноне ки муассиси ҶДММ “Сайёд” – и ноҳияи Дарвоз Давлатшо Муллоёров мегӯяд: “Сайёҳони хориҷӣ шароити мусоиди зист гуфта, пеш аз ҳама бо қувваи барқи доимӣ ва оби гарму хунук таъмин будани ҷойи зистро дар назар доранд”. Муллоёров дар яке аз мавзеъҳои шикор қароргоҳе бо номи “Хонаи шикорчиён” бунёд кардааст, ки дорои ҳама гуна шароити муосир аст. Вале ба гуфти ӯ то ин макон хати барқро овардан бисёр гарон меафтад, бинобар ин дар аввал аз генератори бо сӯзишвории нафтӣ коркунанда истифода мекард, ки ҳам овози баланд дошт ва ҳам миқдори зиёди бензин ба он сарф мешуд. Соле пеш бошад, бо дастгирии Ассотсиатсияи энергияҳои барқароршавандаи Тоҷикистон обгармкунаки офтобӣ бо ғунҷоиши 200 литр ва панелҳои офтобӣ бо қувваи 1 кВт/соатро дар боми бино насб кардааст, ки мушкилиҳои номбаршударо пурра ҳал кардаанд. “То ҳол ягон маротиба вайрон нашудаанд ва бомаром кор мекунанд”, – илова кард ӯ.

Бо ҳамин гуна таҷҳизот ҳаммоми меҳмонхонаи “Шарқ” – и ноҳияро низ, ки дар хати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон қарор дорад, муҷаҳҳаз кардаанд. Ин меҳмонхона ҳам имконияти таъмини сайёҳон бо ҷойи зисти муваққатӣ ва ҳам шароити шустушӯи ронандагон ва мусофиронеро, ки тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Қулма рафтуомад мекунанд, фароҳам овардааст. Шоира Қаландарова – яке аз коркунони меҳмонхона мегӯяд: “То замони пандемияи коронавирус ин ҷо меҳмонҳо пур мешуданд. Ҳоло бошад, асосан барои ронандагону мусофирон ва аҳолии маҳаллӣ хизматрасонӣ мекунем. Ҳаққи истифодаи ҳаммом барои раҳгузарон 10 сомонӣ ва барои сокинон 5 сомонӣ аст. Панелҳои офтобӣ барои равшангардонии тамоми меҳмонхона истифода мешаванд”.

Дилшод Мамуров – директори иҷроияи АЭБТ мегӯяд: “Барои нерӯ гирифтани панелҳои офтобӣ танҳо нурҳои Офтоб лозиманду халос. Агар ҳаво хунук бошаду дурахши Офтоб бошад, ҳамин кифоя аст, ки онҳо қувва гиранд. Обгармкунакҳо бошанд, дар ҳолати то -10 -15 дараҷа хунук будани ҳаво бо нури андаки Офтоб ҳам дар муддати 2 – 4 соат қодиранд 200 литр обро то 50 – 60 дараҷа гарм кунанд”.

Бинои дигаре, ки бо дастгоҳҳои манбаҳои барқароршаванда муҷаҳҳаз шудааст, ин МТМУ рақами 12 – и деҳаи Кишти ноҳияи Ш.Шоҳин мебошад, ки он ҳам дар хати сарҳади Тоҷикистону ҶИ Афғонистон қарор дорад. Ба гуфти директори муассисаи мазкур – Муродалӣ Одинаев то замони насби панелҳои офтобӣ хонандагон наметавонистанд дар дарсҳои технологияи иттилоотӣ аз компютерҳо истифода кунанд. Обгармкунаки офтобӣ бошад, барои хонандагон имкон фароҳам овард, ки пас аз дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва меҳнат шустушӯ кунанд. Ӯ илова кард, ки “Ягона мушкилии мо нарасидани ҷойҳои нишаст барои хонандагон, нарасидани омӯзгорони тахассусӣ ва фарсудагии бинои муассиса мебошад”.

Ҳамин тавр, дар ду ноҳияи наздисарҳадӣ ва баландкӯҳ АЭБТ тавонист имконе фароҳам оварад, ки ҳам сокинон аз сарфу хароҷоти беҳуда дар канор бошанд, ҳам таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин минтақа зиёдтар гардад ва ҳам аз истифодаи манбаҳои ифлоскунандаи ҳаво ба монанди ангишту ҳезум то андозае коҳиш ёбад. Бо истифода аз энергияҳои барқароршаванда мо метавонем натанҳо зиндагии худро осон кунем, балки имкони сарфаи хароҷотҳо, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва саҳм гузоштан дар тозагии обуҳаво ва муҳити зистро пайдо мекунем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *