Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эмомалӣ Раҳмон дар Нуробод

Имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ намудани як қатор иншооти таъиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Сарвари ояндасоз ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинону фаъолони ноҳия бо шукуҳу шаҳомати хоси пазироии меҳмони олимақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири ташрифи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳунармандон ва ҳаваскорони ноҳия барномаи рангинеро таҳия карданд.

Хушию хурсандии хурду бузурги ноҳияро ҳадду канор набуд, зеро ҳар як ташрифи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ё он гӯшаи кишвар пайки ободкорию созандагӣ барои таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.