Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Як хонандаи сомонаи pressa.tj мегӯяд, ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Панҷакентро бемории зуком ба ташвиш овардааст. Ташвиши сокинон баъди хурӯҷи короновирус бештар гардид. Ин хонандаи мо тариқи телефон гуфт, ки бисёре аз нафарон дар як моҳи охир то чор маротиба аз грипп сироят ёфтаанд. 

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки ки наберааш дар як моҳи январ чор маротиба гирифтори грипп гардид ва шабона ҳарорати баланд дорад:

“Набераи 4-солаам Шарифҷон ҳар шаб ҳарорат (таб)-и баланд мекунад. Ҳамин қадар дору медиҳам ягон таъсир намерасонад. Назди духтур бурдам, ягон тавсияи дуруст ҳам надод. Чи кор карданамро намедонам”.

Ширинмоҳ, хонандаи дигари сомона ба мо навиштааст, ки келинаш дар як ҳафта ду маротиба гриппи сахт шудааст.

“Келинам чунон сахт месулфад, ки фикр мекуни шушаш ҳозир мерезад. Ягон чиз намехӯрад. Бисёр нигаронам кардааст. Метарсам, ки ҳамон коронавирус боз набошад”, — гуфт бо як ҳолати ташвишовар.

Ин дар ҳолест, ки бисёр нафарон аз авҷ ва паҳншавии коронавирус дар ҳаросанд.

Бояд гуфт, ки дар заводи тиллои Панҷакент зиёда аз 30 нафар хитоӣ кор мекунад ва ин ҳолат низ сокинони ноҳияи Панҷакентро нигарон кардааст, ки боз худи ҳамон хитоиҳо гирифтори коронавирус нашаванд.

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Julia 04.02.2020 19:55

    На фоне вируса также активно развивается национализм.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.