«Эсхата» дар Суғд якум шуд

Дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюм дар минтақаи Суғд ғолиб омад.

Мусобиқа, ки дар ду марҳила бо ширкати нӯҳ даста баргузор шуд, ҳафтаи гузашта ба охир расид. Дар ҷамъбасти он маълум гардид, ки футболбозони дастаи «Эсхата» соҳиби медалҳои тилло шудаанд. Ин даста мавсимро бе ягон мағлубият ба охир расонд. «Бонкирҳо» аз 16 вохӯрӣ дар 14 бозӣ ғолиб омада, ду мусовӣ кардаанд. Дастаи «Спитамен», ки дар ҷамъбаст 32 имтиёз ба даст овард, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқа гардид. Зинаи сеюмро дастаи «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиб шуд, ки аз дастаи «Спитамен» як имтиёз камтар ба даст овардааст. Унвони нишонзани беҳтаринро Ғолиб Дадабоев аз дастаи «Спитамен» ба даст овард, ки 14 гол задааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *