Эшони Саиднуриддин ба Русия рафтан мехоҳад, аммо наметавонад.Чаро?

Эшони Саиднуриддин дар навор мегӯяд,ки иттиҳоми ҳамкории ӯ бо “Салафия” собит нашуд ва ҳоло дар озодӣ аст.

Саиднуриддин Розиқов, дар як навор мегуяд,ки феълан дар Тоҷикистон ва дар озодӣ аст. Ба ҷавли ӯ, «шахсони ношинос вайро дар Русия рабуда», ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд. «Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тафтиш карданд, бегуноҳиям тасдиқ шуд ва ҳоло дар хонаи бародарам зиндагии ором дорам», — мегӯяд ӯ дар навор.

Қаблан гуфта буданд,ки ӯ дар Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ҷараёни мамнӯи «Салафия» гумонбар аст.

Эшони Саиднуриддин дар навор мегӯяд,ки иттиҳоми ҳамкории ӯ бо “Салафия” собит нашуд ва ҳоло дар озодӣ аст.
Қаблан мақомоти Русия масҷидеро, ки Эшони Саиднуриддин дар онҷо имом буд, баста буданд.

«Бидуни ҳуҷҷат шаб дар як ҷой нигоҳ доштанд ва рӯзи 25-уми март дар ҳавопаймо шинонда, ба Душанбе оварданд. Дар инҷо тафтиш карданд, бегуноҳиям тасдиқ шуд», — мегуяд ӯ дар навор ва изҳор медорад,ки мехоҳад, ба назди хонаводааш ба Русия баргардад, аммо ҳуҷҷат надорад.

Шояд ӯ минбаъд ӯ ҳамчун зодаи Тоҷикистон аввал шиносномаи тоҷикӣ гирифта, сипас, ба Русия баргардад. «Зеро дар Додгоҳи ноҳияи Режи вилояти Свердлов барои барқарор кардани шаҳрвандӣ ва шиносномаи русияш баҳс идома дорад», — гуфтааст яке аз фарзандон эшон рӯзи 6-уми апрел.

Розиқов зодаи ноҳияи Нуробод, Комсомолободи собиқ, буда, аз соли 1998 ба ин тараф бо фарзандону наберагонаш дар Русия кору зиндагӣ мекард. Ӯ дар як масҷид имоматӣ мекард, вале манбаи даромадаш аз тиҷорати либос будааст.

Саиднуриддин мегӯяд, ки аз охири солҳои 90-ум шаҳрванди Русия аст, вале моҳи феврали соли 2020 суди Екатеринбург бо далели он, ки барои гирифтани шиносномаи русӣ маълумоти беасос пешниҳод кардааст, ӯро аз ин ҳақ маҳрум намуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *