Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эстакадаи сетабақаи 2-юм боз гардид

Субҳи 10-уми июл Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, эстакадаи сетабақаи назди беморхонаи маъруф ба Қарияи Болоро баъд аз таъхири чандмоҳа ифтитоҳ намуданд.

Дафтари матбуотии Президент мегӯяд, амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат мекунад.

Мақомот мегӯянд, ин роҳи сетабақа бо маблағи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ сохта шудааст. БАТР барои ин кор ҳудуди 40 миллион доллари амрикоӣ қарз ва кумаки фаннӣ кардааст.

Роҳи сетабақаи назди беморхонаи Қарияи Боло аз рӯи нақша бояд дар ҷашни Наврӯз ба истифода дода мешуд. Аммо хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19 дар Чин ва кишварҳои минтақа, иҷрои тарҳи бозсозии онро ба таъхир андохт.

Ин дуввумин эстакада дар шаҳри Душанбе мебошад. Эстакадаи нахустин дар буриши хиёбони ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Нусратулло Махсум ду сол қабл мавриди истифода карор дода шуда, буд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.