Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Файласуфи маъруфи тоҷик даргузашт

Профессор Нодир Одилов, файласуфи шинохта ва олими фозил имрӯз зиндагиро падруд гуфт.

Нодир Фозилович Одилов соли 1932дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омада, дар солҳои 1949–1951 дар мактаби миёнаи ба номи Ф.Энгельси ноҳияи Ванҷ ҳамчун муаллими фанни забони русӣ кор кардааст. Пас аз хатми Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дар соли 1956 аввал аспирант, сипас муаллими калон ва ниҳоят мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1995–2002 ба сифати профессори кафедраи фалсафа ва маданиятшиносии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2003 инҷониб раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад ва ҳамчунин вазифаи мудири Шӯъбаи дини Институти фалсафаи Академияи Иилмҳои Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт

Нодир Одилов муаллифи зиёда аз шаш асару 150 мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои фалсафии ислом, таълимоти фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсии Ҷалолиддинӣ Румӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.