Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Файзизода интихоб шуду Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод

Вакилони Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон бо овоздиҳии якдилона Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод карданд.Ин анҷуман имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Тибқи иттилои котиботи Иттифоқи касаба, дар ҷаласа, баробари пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ, инчунин роҳбарони нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил интихоб гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, вакилони Анҷуман Файзизода Исмоил Назриро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Назарзода Нигора Нураҳмадро муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб намуданд.
Таъкид шудааст, ки масъулини Иттифоқҳои касаба, аз хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар барқарорсозии сулҳу субот, ваҳдати комили миллӣ, садоқати беандоза ба Ватан, ҷоннисорӣ баҳри шукуфоӣ дар ҳама самтҳои ҳаёти кишвар, ғамхорию меҳрубонӣ дар ҳаққи ятимону бечорагон, бепарасторону маъюбон, оилаҳои ҷавон ва ниёзмандон, дастгирии соҳибкорон ва даҳҳо амалҳои наҷиб хирадмандӣ ва дурандешӣ, муҳаббатномаи мардуми Тоҷикистон ба раисиҷумҳур суханронӣ намуданд.
Нашри ин иттилоия дар ҳолест, ки Иттифоқҳои касаба аз ҷумлаи ниҳодҳое дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ҳаққи пешниҳоди номзад ба президентиро соҳиб мебошад. Интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон 11 октябр дар назар аст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.