Файзу нусрати 30 соли Истиқлол

Мукофотҳо аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.

Ба муносибати ҷашни 30 солагии Истиқлолияти кишвар ва хизматҳои шоёнашон ба кормандони Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим карда шуданд.

Мукофотҳо аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба кормандони дастгоҳ тақдим гардидааст.

Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ ба 4 нафар медали Хизмати шоиста, 2 нафар медали Шафқат, 5 нафар медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» супурда шуд.

Ҳамчунин, 3 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар Ифтихорнома ва ба 35 нафар Раҳматномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, пештра раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор шаҳрвандони кишвар мукофоту ҷоизаҳо дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *