Факултети филологияи ДДЗТ соҳиби сомона шуд

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода сомонаи факултет http://fft-ddzt.tj/ рӯнамоӣ гардид. Дар он ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода, декани факултет Бахтиёр Абдураҳимов, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдурауф Муродӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён ва доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар ин рӯз зимни чорабинии тантанавӣ Маҳмадулло Раҷабзода зикр кард, ки мо чанде қабл дар ифтитоҳи китобхонаи факултети филологияи тоҷик ширкат варзида будем ва инак дар рӯнамоии сомонаи факултет ҳузур дорем. Воқеан, ҳам бунёди китобхона ва таъсиси сомонаро метавон муваффақияти донишкада унвон кард, зеро ин ҳарду ташаббус корҳои созанда ва мондагоранд.

Ректор ба садорати факултет барои ин иқдомҳои созанда изҳори сипос намуда, бо пахш намудани тугмачаи рамзӣ ба фаъолияти расмии сомона ҳусни оғоз бахшид. Дар қисмати дуюми ҳамоиш дастаи ҳунарии “Дидадаро” — факултет чорабинии хотирмони фарҳангиеро пешниҳоди ҳозирин намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *