Фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон тамдид мегардад?

 Бо гузашти даҳ рӯз аз соли нави 2017 Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар заминаи тамдиди фаъолияташ дар Тоҷикистон бо кишварҳои узви ин созмон ҳанӯз ба тавофуқ нарасидааст. Масъулони САҲА мегӯянд, ки баҳси тамдиди ҳузури ин созмон дар кишварҳои узв дар нишасти Вена идома дорад ва ин масъала танҳо марбут ба Тоҷикистон нест. Созмоне, ки масъули татбиқи барномаҳои демократӣ дар ҳудуди 57 кишвари узваш мебошад, соли 2016 барои роҳ ёфтани аъзои мухолифони тоҷик ба ҷаласаи ҳуқуқи башари Варшава мавриди интиқоди Тоҷикистон қарор гирифт.

Бино ба итилои расонаҳо, масъулони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо кишварҳои узви ин созмон музокиротро идома дода, барои тамдиди ҳарчи зудтари фаъолиятҳояш дар кишварҳо талош доранд.  То замони расидан ба мувофиқа дар заминаи тамдиди фаъолият, дари намояндагиҳои САҲА дар маҳалҳо боз буда, вале ин дафтарҳо корҳои барномавии худро барои соли 2017 ҳанӯз шурӯъ накардаанд.

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ  гуфтаанд, ки мавзӯи тамдиди фаъолияти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо танҳо ба Тоҷикистон марбут набуда ва фарогири кулли дигар аъзои ин созмон мебошад. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ гуфтанд, Тоҷикистон ба идомаи ҳамкорӣ бо САҲА манфиатдор буда ва ба иҷрои тарҳҳои муштарак бо созмон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амният талош хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *