Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фарҳод Ҳусейнзода-олим ва адабиётшиноси тоҷик даргузашт

Фарҳод Ҳусейнзода, олими забон ва адабиёт, профессори Донишгоҳи давлатии Данғара бегоҳии имрӯз,13 май дар бемористони шаҳри Панҷакент дунёро падруд гуфт.

Ӯ чанд рӯз пеш ҳамроҳи фарзандонаш баъди эълон шудани таътили хониш ба зодгаҳаш-деҳаи Кулолии шаҳри Панҷакент рафта буд. Дар зодгоҳ вазъи саломатиаш бад мешавад ва сипас дар бемористони шаҳри Панҷакент бастарӣ карда мешавад. Аз рӯи манбаъҳои огоҳ, Фарҳод Ҳусейнзода аз бемории илтиҳоби шуш, яъне пневмания ранҷ мекашид ва бо ҳамин дард дунёро тарк кард.

Фарҳод Ҳусейнзода яке аз донишмандон дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик шинохта шуда, солҳои зиёд мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент ва инчунин, устоди Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент буд. Баъди аз вазифаи мудири шуъбаи маориф рафтан, рӯ ба илм оварда, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Дар баробари пеш бурдани фаъолияти илмӣ, дар ин боргоҳи хирад ба шогирдон тадрис мегуфт. Солҳои охир устоди Донишгоҳи давлатии Данғара буд.

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj ба пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованди муттааол сабри ҷамил хоҳонанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.