Фарҳод Раҳимӣ ба ҷиянаш вазифа дод?

Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шодимурод  Ҷумъаевро аз вазифаи директори “Маҷмааи Оромгоҳи Рӯдакӣ” сабукдӯш карда, ҷияни худро, ки ихтисосаш геолог аст, ба ин вазифа таъин кардааст.

Ин овоза дар шабкаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёдеро ба бор овард. Даҳҳо нафар Фарҳод Раҳимиро ба хешутаборчигӣ айбдор карда, мавриди интиқод қарор доданд. Асли қазияро аз Фарҳод Раҳимӣ пурсон шудем.

— Тағйироти кадрӣ дар Маҷмааи “Оромгоҳи устод Рӯдакӣ” ногузир буд. Шодимурод Ҷумъаев солҳои дароз вазифаи директориро иҷро кард, акнун навбати дигарон аст. Дигар ин ки Ҷумъаевро ман бо сабаби бемасъулиятӣ аз вазифа сабукдӯш кардам. Оромгоҳи устод Рӯдакӣ бояд ободу зебо бошад, зеро ҳамарӯза даҳҳо нафар аз он дидан мекунанд. Онро бояд обод кард, на ин ки хароб. Дар сафари ахири худ ман худам бо ҳамроҳонам баъзе ҷойҳоро тоза кардем. Вазъияти баамаломадаро дида, лозим шуморидем, ки зуд чора андешем ва роҳбари боғро иваз кунем. Маъруф Шарифов, директори нав, аз деҳаи Панҷрӯд аст ва хонааш дар паҳлӯйи боғ қарор дорад. Ӯ ҷияни ман нест. Мо аз деҳаҳои мухталиф ҳастем. Ӯро дар давраи санҷишӣ қарор дорад ва баъди се моҳ корашро дида, хулоса мебарорем, ки ба директорӣ меарзад ё не?

С. Сомон   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *