Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фаридун: Агар падарам барнагардад, худамро мекушам!

Чанде пеш ба идораи “tajikistantimes» писараки 12-солае тариқи телефон дар иртибот гашт. Номбурда Маърупов Фаридун, зодаи Истаравшани бостонӣ буда, аз он шиква намуд, ки падараш 8-сол пеш онҳоро партофта ба Душанбешаҳр рафта, дар онҷо бо зани дигаре издивоҷ намудааст. Айни замон вазъи зиндагии онҳо хеле бад буда, писарак ҳатто либоси дурусте надорад, ки ба бар намояд. Фаридун мавриди мазоқу масхараи ҳамсолонаш қарор гирифта, азоби руҳӣ мекашад. Мавсуф бо садои гиряолуд иброз дошт, ки аз чунин зиндагии сагона безор шуда, даст ба худкушӣ задан мехоҳад, вале андешаи он ки баъди сари ӯ ҳоли модари бемораш чӣ мешуда бошад, ӯро аз ин роҳ боз медорад. Хоҳарчаи 9-солааш бо сабаби ҳуҷҷат надоштан наметавонад дар мактаб таҳсил намояд. Фаридун ба хотири пайвандонаш ба ҳама кор тайёр аст, вале бо сабаби хурдсол буданаш ӯро дар ягон ҷо ба кор қабул намекунанд. Мақсади писарак аз муроҷиат ба ҳафтаномаи “Оила” дарди дил гуфтан буда, Фаридун тариқи “Оила” ба падараш гуфтанист:

хусури хушдомани Гулчеҳра

Падарҷон, ба хубӣ ба хона баргардед, вагарна ман худамро мекушам!

Ин навраси бо нангу номус мехоҳад зиндагии волидонашро дубора барқарор намояд ва оилаашонро аз сарсонию гуруснагӣ наҷот диҳад.

Саргузашти Фаридун моро бетараф нагузошт ва бо модари ӯ дар тамос шудем. Ҷавонзан дар ҳақиқат бемор будаасту аз ҳолпурсии мо ба риққат омада, гирист ва иқрор шуд, ки шавҳараш онҳоро 8-сол пеш партофта рафтааст. Вай 29-сола буда, ду фарзанд дорад. Модар аз он хавотир аст, ки писараш Фаридун аз чунин ҳаёти пурдарду ғам ҷонбезор шуда, ягон рӯз худро ба дор овехта накушад.

-->

Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Часур хамроев 22.08.2016 15:05

    обоооооооооооооооооо, чихел бо дард гап задаст, гиря омад бахудоооо. Агар хохад додархонд мегирам ва якумр мисли додараком зери анотам мегирам(((((

  2. Сабзинаи Вахдати 22.08.2016 15:10

    Сарнавишти пурдард доштааст, Фаридун. Худо бар падари ноинсофаш инсоф дихаду ба хонаву дараш баргардад. Худатро накуш Фаридунчон ть ояндадори чони хола

  3. Диловар 22.08.2016 15:16

    кучо табакахои сарватманд браванд ёрдамш кнан. агар ма доро мебудам Фаридунчонда ёрдам мекадам афсус хдм ба нони хурдан зорм((

  4. Isfara 22.08.2016 23:04

    Фаридун. Ин имтихони парвардигор аст ту бояд сабр куни меваи сабр ширин аст.
    Бар рохи шайтон нарави аз хамсолонат хафа нашав чунки холо кудаканд ин падари беаклат дар кучо бошад парвадигор инсоф дихад бар падарат.
    Tajikistantimes ба Фаридун бояд кумак кунем аз дасти шумхон мебарояд Ба банк якто хисоб кишодан лозим аст баъд хар касе чи кадар метавонад ёри кунад

  5. амрохон 23.08.2016 13:11

    Фаридун !!! ту мардаки на мисли падарат зан. Худкуши харомаст дар ягон маврид фикри худкуширо накун. Аз набудани ту падари беаклат зик намешавад. Факат якор кун харакат ба пеш барои рузхои нек. Иншаллоh худованд рузе туро ба мурод мерасонад ва тухам марди майдон мешави. Падаре ки хаштсол ба суроfи фарзанд нарафта бошад о аз чунин падардор будана бепадариат наfзаст. факат харакат ба пеш барои рузхои хуб

  6. Исмоил 24.08.2016 06:50

    Ба ман агар дар тамос шавад ин ойла ҳам хуҷатҳои хоҳарашро ба тартиб дароварда медиҳам ҳам Фаридун ва модарашро бо ҷои кори доими таъмин менамоям. Раками ман 83422 65444. 60199 Ман вакил мебошам хатман дастгири менамоям

    • Зохир 25.08.2016 11:40

      Бародари азиз Исмои ракамхои дастиятонро медододе бо шумо дар тамос мешудам

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.