Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳабибурраҳмон Вардуҷӣро Толибон боздошт намуданд

Ҳаракати Толибон Ҳабибурраҳмон Вардуҷӣ, маъруф ба Ҳабиби Вардуҷӣ, яке аз фармондеҳони Бадахшони Афғонистонро боздошт карданд

Абдуғаффор Анварӣ, як тан аз наздикони Ҳабиби Вардуҷӣ, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Вардуҷӣ рӯзи гузашта, 19 август, дар маҳалли сукунаташ дар шаҳри Кобул аз сӯи ҷангиёни ҳаракати “Толибон” боздошт шуд.

“Қабл аз зуҳр буд, ки як гуруҳ омаданд ва фармондеҳро бо худ бурданд. Ин хабар омад, ки ӯро ба шаҳодат расонидаанд, аммо вақте мо ба пулиси “Толибон” муроҷиат кардем, онҳо гуфтанд, ки ӯ таҳти таҳқиқ аст ва ба зудӣ раҳо хоҳад шуд”, – гуфт Абдуғаффор Анварӣ.

“Толибон” пас аз ишғоли Кобул дар таърихи 15 август эълон доштанд, ки тамоми рақибони сиёсии худро авф мекунанд.

Аммо бино ба гузоришҳо, як гуруҳи номаълум волии Лугар ва собиқ волии Ҳирот Абдулқаюм Раҳимиро ба шаҳодат расонидаанд ва аксе ҳам аз ҷасади ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо гаштааст.

Аммо ин хабар то ба ҳол расман эътироф нашудааст. Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон умедвор аст, ки Ҳабиби Вардуҷӣ низ бар пояи ин авф раҳо хоҳад шуд.

Вардуҷӣ, аз муҷоҳидини Ҷамъияти исломӣ ва собиқ фармондеҳи пулиси вулусволии Вардуҷи Бадахшони Афғонистон аст, ки бо ҷангҳои худ алайҳи Толибон тайи 20 соли ахир шуҳрат ёфта буд.

Пас аз суқути Бадахшон ба дасти “Толибон” ӯ дар Кобул паноҳ ёфта буд. Дар ҳамин ҳол, бино ба гузоришҳо, Аламхон Озодӣ ва Раис Абдухолиқ, фармондеҳони Ҷамъияти исломӣ дар Мазори Шариф ва Низомуддин Қайсорӣ, фармондеҳи Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон, пас аз боздошт аз сӯи “Толибон” ва як-ду рӯзи асорат раҳо шуда, ба хонаҳои худ баргаштаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.