Фарзона: Парвардигор, ёри маро дар паноҳ дор!

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук шеъри ҷадиди Фарзона, Шоири халқии Тоҷикистон ба нашр расидааст, ки алъон инъикосгари ҳасби ҳоли ӯст.

Ин шеър “Дар паноҳ дор» ном дошта, бо мисраъи “Парвардигор, ёри маро дар паноҳ дор” оғоз мешавад. Феълан ёри Фарзона – ҳамсараш Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш дар бемористон аст ва чанд рӯз табибон вазъи саломатии ӯро вазнин арзёбӣ мекарданд.

Ба иттилоъи дарёфтӣ феълан саломатии Озарахш муътадил шуда, ҳамсараш Фарзона ӯро дар бемористон парасторӣ мекунад.

Озарахшро ҳафтаи гузашта бо ташхиси пневмания ё илтиҳоби дутарафаи шуш ва Фарозонаро бо бемории зуком ба карантин гирифтанд. Баъдан маълум шуд, ки Озарахш дар баробари илтиҳоби шуш, бемории қанд дорад, ҳамчунин, аз ревматизм азият мекашад.

Чанд рӯз шоир дар дастгоҳи нафаси сунъӣ қарор дошт. Рӯзи 21 апрел вазъи сиҳати шоир беҳ шуда, ба гуфти наздиконаш мустақил хӯрок хӯрдааст.

Субҳи имрӯз журналист Сайёфи Мизроб навишт, ки бо Фарзона суҳбати телефонӣ дошт ва саломатии Озарахшу Фарзонаро хуб арзёбӣ кард.

Инак, шеъри Фарзонаро, ки дуои неки ӯ ба шавҳараш аст, пешкаши шумо мегардонем:

ФАРЗОНА:
ДАР ПАНОҲ ДОР
Парвардигор, ёри маро дар паноҳ дор,
Он гурди шаҳсувори маро дар паноҳ дор.
Меҳри сафар гузиду бароям ғам офарид,
Ғамофаридгори маро дар паноҳ дор.
Аз ќуллаи ғурур ба поям ҳамефитод,
Дарёи кўҳсори маро дар паноҳ дор.
Рустоизодае ба дилам шаҳриёр шуд,
Эй ишқ, шаҳриёри маро дар паноҳ дор.
Гирён чу порсо буду қаҳ-қаҳзанон чу ринд,
Сўфии майгусори маро дар паноҳ дор.
Он чун ситора дури маро нури тоза деҳ,
Ин хоки бешарори маро дар паноҳ дор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *