Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фарзонаи Хуршед: Дигар дар бораи ману Шабнам аз Диловари Мизроб напурсед, зеро

Имрӯз 29-уми июн, Фарзонаи Хуршед, сароянда дар сӯҳбати телефонияш  гуфт, ки дигар ягон хабарнигор бобати ӯ ва хоҳарбузургаш Шабнам аз Диловари Мизроб интервю нагиранд: « Ман ин гапро аз ҳаво не, балки баъди машварати зиёд бо Шабнам мегӯям. Ин гапро бояд худи Шабнам мегуфт, аммо азбаски айни замон ӯ дар хориҷи кишвар аст, ман тавассути сомонаи шумо аз кули журналистони тоҷик хоҳиш мекунам. ки дигар ҳеҷ гоҳ бобати зиндагии ману хоҳарбузургам Шабнам аз Диловари Мизроб, ки дар ҳама ҷо худро продюсери оилаи мо муаррифӣ мекунад, пурсон нашаванд. Чун мо дигар бо шахисияте чун Диловар ягон робитаи ҳамкорӣ надорем».

Ин суханони хонум Фарзона дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд соли ахир кули журналистони точик бобати то кадом андоза ҳақиқат доштани ин ё он хабари атрофи номи примадонаи саҳнаи тоҷик- Сурайё Қосимова ва духтарони ӯ Шабнаму Фарзона паҳн гардида пурсон мешуданд ва сухани ӯро чун ҳарфи продюсери ин хонавода рӯйи чоп меоварданд.

Ҳамчунин ҷаноби Диловар ҳамеша ба хоҳиши журналистон «Мусоҳибаи моро бо Шабнам ё Фарзона ба роҳ монед» рад карда, мегуфт, ки «агар саволе доред, ҳамин ҷо ба ман нависед, ман ҷавоби онҳоро хаттӣ ба шумо менависам» Ҳамакнун баъди ин сухани Фарзона овозаҳое низ паҳн гардидааст, ки гӯиё бештари пешравиҳои ин хонаводаро Диловари Мизроб бо номи худ сабт мекардааст.

Аммо бобати то кадом андоза ҳакикат доштани ин овоза Фарзоннаи Хуршед хомӯширо авло дониста, танҳо ҳамин қадар гуфт, ки «Ҳар чӣ дар гузашта буд, бигзор дар ҷои худ бимонад, аммо дар оянда бигзор ҳар касе чизеро фаҳмидан хоҳад, бигзор бевосита ба худи мо муроҷиат кунад».

Фарзонаи Хуршед, духтари хурдии Ҳунарманди шоистии Тоҷикистон Сурайё қосимова буда, ба наздики бо сарояндаи ҳамнасаби худ- Фаридуни Хуршед дар ҳоле, ки хабари издивоҷашон чанд моҳе пеш баромада буду аз сӯйи ин оила рад шуда, сипас яку якбора бо ҳомиладории Фарзона дубора тасдиқ гардид, оиладор шуда, соҳиби як духтар- Закия аст ва дар моҳи 8-уми ҳомиладорӣ қарор дорад.

Фарангиси Фармон

-->

Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Журналист 30.06.2016 09:55

    Рост мега Фарзона, хами Диловар хама вакт худша тема карда, хамихели мегуфт ки «любов гапе ки на счет Фарзонаю Шабнам доре мада тие ма чавоб метм. Уё кати шмо гап намезанан» Э рут сиё Диловар ина худуш алокада бромадай ку.

  2. Саври 30.06.2016 09:57

    Э ма мегум ки чиба Фарзона мара суддад додани бдай? О ана гап дар кучо. И диловар хама вакт саволои мара гирифта худуш чавоб менавист мегуфтак ки Фарзона навиштай. Апаи Фарзона ма ба Худо ки хиёл мекардум и интервюра хдтон медоден. Э Диловари…

  3. Рачаб 30.06.2016 09:58

    Хами Диловара хама масхара мекунан и кчош продюсерай? Ира лакабуш «сумкабардори Шабнаму Фарзона»хай. Шумо журналистора айби худтонай хамира хонаш пеши плазадай. О мемуре худтон хонаш равен ай худуш пурсен я сомонайе рахпулиш

  4. Чура 30.06.2016 10:00

    Рост мега Фарзона и Диловар хамихе ай пушти хамиё мехеза катагие мекна ки, ма ай таваки шабнам шакароб мехурум гуфта

  5. Шохид 30.06.2016 10:02

    Ин Диловар дар хама чо Бехруз Зеваровро сиёх мекард, ки у пули хофизхоро мехурад, як касе нест ки ба худаш гуяд: Эй аблах чи аз номи Шабнам мефахри. Ба хар сурате ки набошад хофизо худошон пеши Бехруз мераванд Бехруз ранги ту тортанаки хира шуда дари хонашонба тор наметанад

  6. Мурод 30.06.2016 10:03

    Хамин Диловар ба зур забони худаша медонад, чала-пала уруси гап мезанад. Ина чи продюсериш чи. Рав як чо дам гир

  7. Мохира 30.06.2016 10:05

    Ин Диловар хамаи журнлаистонро гумрох мекард, ки «Фарзона намехоха кати шумо гап зана шумо уда саволои безеб метен. Мада партоен ма сартирофкаш карда ба уда мепартом» Э мур, ана охираш хами «Фарзончик»-ат шармандат кард куд.

  8. Бе ном 30.06.2016 10:06

    Риёз риёз ика наёз, хуроки ту пусти пиёз…

  9. Азизчон Юсупов 30.06.2016 10:09

    Инро мегуянд, Аввал бубин чои худ, баъд бимон пойи худ

  10. Rustam OILA 30.06.2016 19:14

    gapoi bemani nanavisen aybay da I ramazon itari dshnom

  11. самир 10.07.2016 12:32

    э худо агар дар тч ягон касб дошта боши аз дасти и журналисту дигархо…. Мачбур меши ба дигар давлатхо сафар куни

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.