Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фарзона Файзуллоева: Шавҳарамро мекобам

Фарзона Файзуллоева як тан ҷавонзани тоҷик, ки имрӯзҳо дар шаҳри Зелиногради Русия иқомат дорад, бо хабарнигори «Оила» Рустам Азимӣ дар иртибот шуда гуфт, ки азобу шиканҷаи хушдоман ӯро ба муҳоҷират бурд. Фарзона 23 сол дошта, соли 2011 ба Комил ном ҷавон ба шавҳар баромадааст. Соли 2013 онҳо соҳиби писар гашта бошанд ҳам, модаршӯяш сояи Фарзонаро аз девор тарошида, ҳеҷ ба келин рӯйи хуш намедодааст. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дар ин миён шавҳараш Комил якбора бе ному нишон гум мешавад. Фарзона мегӯяд, Комил ҳамон рӯз ба вай занг зада, кӯтоҳакак аҳволпурсӣ кард. «Ҳис кардам, ки табъаш нохуш аст, вале ҳарчанд кунҷкобӣ кардам, шавҳарам сир бой надода: «баъдтар ҳамаашро ба ту мефаҳмонам» гӯён,  телефонро хомӯш кард»,- ба ёд меорад ҷавонзан.

Пайвандони Комил дар гум шудани писарашон келинро гунаҳкор дониста ба қавли худи Фарзона дар сараш чормағз мешикастаанд. «Ҳама хешу табори Комил як гапро такрор ба такрор мепурсиданд: «Рост аст, ки шавҳарат ба Сурия рафтааст?» Ман, ки ба куҷо рафтани Комилро намедонистам, барои аз ин пурсуҷӯҳои дилбазан халос шудан мегуфтам, ки шавҳарам ба Сурия не, барои овардани бор ба дигар давлат сафар кард, вале онҳо  ба гапам бовар накарда, маро  мисли муфаттиш истинтоқ менамуданд. Хушдоманам алами гум шудани фарзандашро аз ман гирифта, ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол мекард, ки чӣ ҳодисае, ки ба сари Комил омада бошад, ҳамааш аз рӯйи ту аст. Дигар ба заҳри забон ва ҷабру зулми пайвандони шавҳарам тоб наоварда, як сол пас аз гум шудани Комил ба Русия омадам, аниқтараш аз мушту лагади хушдоманам ба ин ҷо фирор намудам»,- мегӯяд ин ҷавонзани бадбахт.

Модаршӯяш рақамҳои ӯро ёфта, занг зада таҳдид кардааст, то қасоси писарашро нагирад, ором намешавад. Фарзона мегӯяд аз чизе ҳарос надорад, ба ҷуз аз даст додани писарчааш Лоиқҷон.

«Хушдоманам ҳар рӯз се маротиба занг зада мегӯяд, ки набераамро ба хубӣ баргардон! Ин кӯдак ягона нишонаи писарам аст ва бо кадом роҳе, ки набошад, ман набераамро аз дасти ту кашида мегирам»,- қисса мекунад ин ҷавонзани тоҷик, ки дар Русия қариб як сол боз сарсону саргардон шавҳарашро мекобад. Вай умед дорад, ки Комилҷон албатта пайдо мешавад ва ӯро бо писараш зери қаноти худ гирифта, соҳибӣ мекунад.

Бригадир се моҳа маошамонро намедиҳад!

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.