Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фавт нест! Омори нави Вазорати тандурустӣ

Шабонарӯзи гузашта дар кишвар 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 20 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9346 нафар расид.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 8108 ё худ 86,7%-и гирифторон шифо ёфта, 73 нафар вафот кардаанд.

Шабонарӯзи охир 115 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 42 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj