Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фавт нест, сироятёбӣ кам шуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар як шабонарӯзи охир 69 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коронавирус сироят ёфта, 74 нафар шифо ёфтанд ва хушбахтона ягон фавт ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки пас аз пайдо шудани сару садоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ билохира рӯзи 21 июн Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷой доштани ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони мамлакат ба бемории коронавирус иттилоъ дод.

Дар маҷмӯъ, аз 30 апрели соли 2020 то 2 август соли 2021 дар кишвар 15219 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 14705 нафар шифо ёфтаанд ва бар асари бемории мазкур 121 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ аз сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.