Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фавт: Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии кишвар эълон кард, ки шабонарӯзи гузашта боз як нафар бар асари вируси корона даргузашт, ҳамин тавр шумори умумии ҷонбохтагон ба 78 нафар расид

Дар ҳамин ҳол, шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба  9935 нафар баробар гардидааст.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки то санаи  4 октябр дар мамлакат  8749  (88,0%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 78  нафар фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.