Фавти ҷавони рус дар «X-Fit»-и Душанбе

Сергей Шнякин, як ҷавони рус дар фитнес-клуби «X-Fit»-и шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми декабр ҷон бохтааст.

Тибқи иттилои мавҷуда, маъмурияти фитнес-клуб дар шарҳи марги донишҷӯ изҳор доштааст, ки марҳум аснои шиноварӣ ғарқ шуда, аз ҳаёт маҳрум гаштааст, вале модараш, ки пас аз дарёфт кардани хабари марги ягона фарзандаш аз Русия ба Тоҷикистон омадааст, ба иддаои кормандони «X-Fit» бовар надорад ва бар ин аст, ки асли ин воқеаро мехоҳанд аз ӯ пинҳон кунанд.

Дар ин баробар Зулӣ Раҳматова, яке аз фаъолони ҷамъиятӣ ва намояндаи гуруҳи «Нури Фирдавс» дар саҳифаи Facebook-и худ муроҷиати модари Сергей Шнякинро ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нашр намудааст.

Модари Сергей Шнякин изҳор доштааст, ки ба Рустами Эмомалӣ ҳамчун як шахси одил муроҷиат мекунад, зеро новобаста аз серкории худ мушкилу ғами мардумро нодида намегирад.

Гуфта мешавад, ки Сергей Шнякин ҳамроҳ бо модаркалони худ зиндагӣ мекард. Ӯ хати форсӣ ва арабиро балад буда, дар чорабиниҳои варзишии ҷумҳуриявӣ низ борҳо иштирок кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *