Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Файзинисо Воҳидова: Эҳтимоли озодшавии Муаттара Ҷураева ҳаст!

Файзинисо Воҳидова- ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, қонуни нави афв нисбати Муаттара Ҷӯраева, собиқ наттоқи телевизиони Тоҷикистон, ки соли гузашта бо иттиҳоми қаллобӣ равонаи зиндон гардид, татбиқ мешавад.

Хонум  Воҳидова гуфтааст, ки агар хонум Ҷӯраева ҳанӯз ҳам зарари моддиро барқарор накарда бошад, тибқи қонуни афв аз се як ҳиссаи муҳлати адо нагардидаи ҷазояш кам мешавад: Дар чунин ҳолат, яъне баъди татбиқи афв ӯ шонси озод шуданро пайдо мекунад.

 Мавриди зикр аст, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 17 марти соли 2015 Муаттара Ҷӯраеваро дар қаллобӣ гунаҳгор дониста,  9 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Он замон додраси парванда гуфт, бар пояи қонуни афви соли 2014 аз се як ҳиссаи ҳукми Ҷӯраева кам шуда, бо назардошти шаш моҳи ҳабси пешакӣ 5,5 сол равонаи зиндон мегардад. Додраси парванда ҳамчунин арз дошт, ки баъди адои ҷазо Муаттара Ҷӯраева давоми се сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум хоҳад шуд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Сантош 22.08.2016 13:02

    Агар Муатара дар ин авф афтад, бехтарин кор мешавад, зеро то имруз нисбати у гайриконуни амал намуда ба гапи ду се игвоагар афтида ба чони духтарак чабр намуданд

  2. Майсара 23.08.2016 07:09

    Мардум барои одамкуши 7 мох хукм мегиранду ин бечораро 5,5 сол додаанд. Ана адолат

  3. Сироч 24.08.2016 21:36

    Маро чизи дигар ба хайрат меорад Хамин Муаттара дар сомонаи Фесбук шарху андешаи худро ба дини ислом борхо баён кардааст ва манфи ва адовати бепоён дорад хатто мегуяд Агар занеро бинам бо сатр дар куча то су руз аз газаб девона шуда ба худ намеоям аммо чи гуна баъди ин у ба толори суд ба либоси сатр омадааст хайрон.
    Худо хидояташ кунаду баъд озодаш

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.