Феҳристи сарояндагони қарздор. Кӣ, чӣ қадар?

Кумитаи андози Тоҷикистон санъаткорони машҳури тоҷикро, ки аз андоз қарддор ҳастанд, расонаӣ кард.

Ба сомонаи Pressa.tj аз Кумитаи андоз иттилоъ доданд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ аз шумораи умумии ҳунармандон – сарояндагон 48 нафарашон аз ҳисоби андозҳо дар назди буҷет ба маблағи 419,6 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

“Новобаста аз чораҷӯиҳо ҳоло ҳам ҳастанд ҳунармандоне, ки дидаю дониста уҳдадориҳои худро дар назди буҷет таъмин намекунанд”,- иттилоъ доданд аз Кумитаи андоз.

Ҳамин тариқ, маблағи қарзи андозҳои сарояндагон Мино Баҳриллоева ба ҳолати 24 –уми сентябри соли равон 21861 сомонӣ, Сангалӣ Мирзоев 4823 сомонӣ, Зиёвиддин Нуров, 1107 сомонӣ, Зулайхо Маҳмадшоева 2819 сомонӣ, Алишерхон Ибодуллаев 3188 сомонӣ, Нобовар Чиноров 946 сомонӣ, Олимҷон Маҳмудов 1055 сомонӣ, Алаёр Сыдыков 2803 сомонӣ, Маҳмадалӣ Умаров 2852 сомонӣ, Муҳаммад Султонов 1528 сомонӣ, Хайриддин Шарипов 1892 сомонӣ, Қурбонхуҷа Алиев 2196 сомонӣ, Исохон Исоев 12478 сомонӣ, Рамазон Салимов 2373 сомонӣ, Шаҳриёр Давлатов 26808 сомонӣ, Абдусаттор Хушвахтов 1307 сомонӣ расидааст.

Мақомоти андоз таҳлил кардааст, ки баъзе сарояндагон аз сабукиҳои қонунгузорӣ истифода карда, бо мақсади кам пардохт намудани маблағи андозҳо барои фаъолияти асосии худ, яъне сарояндагӣ патент нагиритаанд. Барои фаъолияти навозандагӣ, раққосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ ба даст оварданд.

Тахмина Одинаева - Ишки нопок :: TajMedia - Таджикские песни; скачать  музыка бесплатно;

Аз ҷумла, сарояндагон Шодмон Сулаймонӣ, Таҳмина Одинаева, Мубинҷон Рустамов, Шерзод Рузиев ва Сарвалӣ Акбаров барои фаъолияти навозандагӣ, раққосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳо патент гирифтаанд, аммо дар асл ба сарояндагӣ машғул шудаанд.

Шодмон Сулаймон - Дустам намедори - Лучшие таджикские песни

Мувофиқи маълумоти Кумитаи андоз ба ҳолати 1-уми октябри 2021 1231, аз ҷумла 1203 нафар тибқи патент ва 28 нафар тибқи шаҳодатномаи соҳибкорӣ аз рӯи намуди сурудхонӣ, навозандагӣ, раққосӣ, барандагӣ, банаворгирӣ дар ҷашну маъракаҳо дар қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *