Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фейсбук чор миллион ҷарима супорид

Ширкати Фейсбук чор миллион рублеро пардохт кард, ки додгоҳи Русия барои интиқол надодани сервери маълумоти шахсии корбарони рус ба он кишвар ширкатро ҷарима баста буд. Хабар дод Озодӣ.

Додгоҳи Русия моҳи ферали соли равон Facebook ва Twitter-ро барои нақзи қонуни ин кишвар дар бораи ҳифзи маълумоти шахсии корбарони рус дар ҳудуди он кишвар 4-миллион рублӣ ҷарима баст.

Дар як қатор давлатҳои дунё қонуне қабул шудааст, ки ширкатҳои иҷтимоиро вазифадор мекунад, то сервери маълумоти шахсии корбаронро дар ҳудуди кишварҳояшон нигаҳ бидоранд.

Додгоҳ ҳамчунин моҳи апрели соли 2019 Facebook ва Twitter-ро барои надодани иттилоъ дар бораи ҳифзи маълумоти шахсии корбарони рус ба «Роскомнадзор» се ҳазор рубл ҷарима баста буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.