Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

“Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас – 2021” баргузор гардид

Чанде пеш, дар меҳмонхонаи Hayatt Regency Dushanbe “Фестивали ҷумҳуриявии атлас ва адрас – 2021” баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Ҳилолбӣ Қурбонзода,  сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон  Игор Семёнович Лякин – Фролов, сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳамчунин меҳмонҳои олимақом аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон, аз ҷумла Вазири саноат ва тиҷорати Афғонистон ҷаноби Нисор Аҳмад Ғорёнӣ ва намояндагони як қатор корхонаҳо иштирок  намуданд.

Ҳадафи ин фестивал-озмунро рушди истеҳсоли матоъҳои суннатӣ, оммавикунонии истифодаи атласу адраси миллӣ дар либосҳои замонавии миллӣ ва маснуоти хонагии саноати бофандагӣ ба тарви хоса гуфта шуд.

Дар расми кушодашавии “Фестивали атласу адрас – 2021” муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ аз аҳамият ва нақши чунин фестивалҳо сухан гуфта, аз ҷумла чунин таъкид кард: “Ин фестивал яке аз натиҷаҳои назарраси эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маҳсуб меёбад.

Дар ин фестивал коллексияҳои Умед Кучкалиев, Нафиса Имронова, Саидҷалол Махсумов, Шаҳло Пулотова, Манучеҳр Шакнамов, Наима Бобоева, Сабрина Мараимӣ инчунин брендҳои «LA’AL Textiles», «Noor Art Gallery» ва «Фасонак» намоиш дода шуданд.

Мувофиқи шарти асосии фестивал-озмун, тамоми маҳсулот аз матоъҳои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, аз қабили ҶДММ «ДУК», ҶДММ «Атласи Хуҷанд» ва ҶДММ «Адраси Душанбе» омода шудаанд.

Дар доираи ин фестивал инчунин намоиш-ярмарка баргузор гардад, ки дар он зиёда аз 20 нафар ҳунармандони тоҷик матоъҳои суннатии бофтаи худ, инчунин маснуоти хонагии саноати бофандагиву ороиши дохилӣ ва лавозимотҳои аз ин матоъҳо истеҳсолшударо ба намоиш гузоштанд.

Озмуни “Фестивали атласу адрас – 2021” аз рӯи чор номинатсия: пиллапарвар, атласу адрасбоф, дизайни маснуоти нассоҷӣ барои хона ва аксессуар ва дизайни либос сурат гирифт. Дар охири фестивал  озмун ҷамъбаст гардида, ғолибон бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Аз рӯи номинатсияи пиллапарвар ҷойи аввал, аз рӯи натиҷаи ҳакамон ҶДММ “ДУК”-и ноҳияи Шаҳритус сазовор дониста шуд.

Аз рӯи номинатсияи атласу адрасбофӣ бошад “Атласи Хуҷанд” соҳиби ҷойи аввал гашт.

Дар номинатсияи дизайни маснуоти нассоҷӣ-хонагӣ «LA’AL Textiles» сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар номинатсияи охирин, ки дизайни либос буд, ҷойи аввалро Нафиса Имронова соҳиб гашт.  

Баргузоркунандагони чорабинии мазкур Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мусоидати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи минтақавии ҳокимияти давлатӣ, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон – Иттиҳоди “Тоҷикматлубот”, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон буданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.