Фестивали «Мо насли хушбахти замон» баргузор мегардад

Дар Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» иштироки зиёда аз 200 нафар наврасон аз тамоми ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

30 майи соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии  «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»  Фестивали ҷумҳуриявии  наврасон таҳти унвони «Мо  насли  хушбахти  замон» доир мегардад. Хамчунин, иштирокчиёни фестивал дар барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ, ки 1 июн дар театри «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Дар бораи баргузории фестивали мазкур  қарори дахлдори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст, хабар медиҳад Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ,  дар Фестивали ҷумҳуриявии  наврасон таҳти унвони «Мо  насли  хушбахти  замон»  иштироки  зиёда аз  200 нафар наврасон аз  тамоми  ҷумҳурӣ  дар назар дошта шудааст.

«Иштирокчиёни фестивал аз маконҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дидан намуда, дар бозиҳои варзишӣ аз қабили, футбол, волебол, баскетбол, шоҳмот, шашка ва ғайра ширкат меварзанд», — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *