Фестивали вилоятии “Сад ранги чакан” дар Суғд баргузор мегардад

Мақомоти вилояти Суғд эълон намудааст, ки бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар вилоят фестивали вилоятии “Сад ранги чакан” баргузор мешавад.

Мақомоти вилояти Суғд эълон намудааст, ки бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар вилоят фестивали вилоятии “Сад ранги чакан” баргузор мешавад, хабар додааст дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.

“Ба таваҷҷуҳи сокинони вилояти Суғд, бахусус тарроҳону дӯзандагон расонида мешавад, ки бо ташаббуси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ Фестивали вилоятии «Сад ранги чакан» гузаронида мешавад”, — омадааст дар иттилоия.

Озмуни мазкур аз рӯи бахшҳои беҳтарин либоси қадимаи чакан, беҳтарин либоси кӯдакона, беҳтарин либоси рӯзмарра, беҳтарин либоси маросимӣ ва идона, беҳтарин либоси расмӣ ва беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ сурат мегирад.

Тавре манбаъ қайд намудааст, ки иштирокчиёни озмун бояд дар либос ва сӯзанидӯзиҳо паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сўзанидӯзӣ,  тоқидӯзӣ, навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро кашф ва эҳё намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *