Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ФИФА 10 мунтахаби миллиро барои қоидашиканӣ ҷарима кард

Кумитаи интизомии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар бораи таъин кардани ҷаримаҳои пулӣ ба чанд федератсияҳое, ки дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 иштирок намудаанд, эълон намуд. ФИФА қоидашиканиҳоро таҳлил намуда, федератсияҳои Албания ва Хорватияро ба маблағи 50 ҳазор франки швейтсарӣ, Эронро 45 ҳазор, Косоворо 30 ҳазор, Бразилияро 25 ҳазор, Парагвая ва Эстонияро 20 ҳазорӣ, Украина, Чили ва Аргентинаро 15 ҳазор франки швейтсарӣ ҷарима баст.
Агар мунтахаби миллии Эрон барои ҷорӣ кардани маросими динӣ ҳангоми бозии футбол ҷарима шуда бошад, мунтахабҳои дигар барои рафтори ғайриварзишии мухлисон муҷозот шуданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.