Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ФИФА мунтахаби Тоҷикистонро ба 19 зина боло бурд

Дирӯз Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) феҳристи мавқеи дастаҳои мунтахаби миллиро эълон кард. Тибқи он мунтахаби миллии Тоҷикистон дар моҳи гузаштаи соли равон 19 зина боло шуда, мавқеи 145-умро касб кардааст.

Тавре сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад, моҳи июн дастаи Ҳаким Фузайлов ду вохӯрии расмиро дар бозиҳои интихобии плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 бо тими Бангладеш барпо карда, бо ҳисоби 5:0 ва 1:0 пирӯз шуда буд. Ин ду ғалаба ба хазинаи мунтахаби Тоҷикистон 70 хол зам карда, онро ба 220 имтиёз расондааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллии Осиёи Марказӣ ҷойи 23-юмро соҳибӣ намудааст. Ҷойи аввалро дар Осиё мунтахаби Эрон, дуюмро Кореяи Ҷанубӣ ва сеюмро Ӯзбекистон ишғол кардаанд.

Дар феҳристи ҷаҳонӣ мунтахаби Аргентина бо 1585 хол ҷойи якум,  Белгия бо  1401 имтиёз дуюм ва Колумбия бо  1331 хол сеюмро соҳиб шудаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.