Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Филми коргардонҳои тоҷик ба ҷашнвораи Севастопол роҳхат гирифт

Филми коргардон Шоҳҷамшед Умарӣ бо номи “Ҳаворӣ-2019” (“Апостол-2019)” ба 16-умин синамобазми “Бо ҳам пирӯз шудем” (“Победили вместе”), ки аз санаи 27-уми август то 4-уми сентябр дар шаҳри Севастополи Руссия баргузор мегардад, роҳ ёфт.

Ин филм дар доираи дарсҳои омӯзишии “My Vision” омода гардида, оиди рӯзгори марди рустаборе нақл мекунад, ки зери кӯпруке дар пойтахти кишвар ба сар мебард.

Инчунин филми коргардонҳо Дилошӯб Орифзода ва Далери Имомалӣ-“ШӯрН02” низ ҳуқуқи иштирок дар ин синамобазмро пайдо кардааст, ки ба зиндагии сокинони шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара ва норасогии оби нӯшокӣ дар ин минтақа бахшида шудааст. Ин филм бо маблағгузории ширкати “Интернюс” дар Тоҷикистон ба навор гирифта шуда, дар студияи “Art-Vision” таҳия гардидааст. Ёдрас мешавем, ки 16-умин синамобазми “Бо ҳам пирӯз шудем” (“Победили вместе”) бахшида ба 75- солагии Иди Ғалаба бар фашизм роҳандозӣ мегардад.

Амони Муҳаммад

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.