Филми КОВИД-19 ба навор гирифта мешавад

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба сабти филми марбут ба COVID -19 оғоз мекунад. Айни замон сенарияи филм дар ҳоли ба поён расидан аст ва рӯзҳои наздик филмбардории он оғоз мешавад.

Коргардони филм Зайналобиддин Назаров рӯзҳои наздик шакли ниҳоии сенарияро пешниҳод мекунад. Тахмин меравад, ки филм 1 соату 20 дақиқа идома хоҳад ёфт.

Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” гуфт, ки ин филм дар тамоми минтақаҳои кишвар филмбардорӣ мешавад, вале аз гуфтани ҳаҷми умуми маблағе, ки барои он масраф мешавад худдорӣ кард. Ба гуфтаи ӯ дар ин филм ҳамчунин матолиби кишварҳои дигар ҳам истифода хоҳанд шуд, зеро ин як мушкили ҷаҳонӣ аст.
Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *