Филми ТВ «Варзиш» дар бораи Расул Боқиев

«Ҷаҳонпаҳлавон»филми ҳуҷҷатӣ буда, аз дастоварду комёбиҳои ҷоизадори биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008 Расул Боқиев ва рӯзгори оилавии ӯ нақл мекунад.
Имрӯзҳо Расул Боқиев дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ба сар мебарад ва дар ин ҷо ба таълим тамрини варзишгарони умедбахши кишвари мазкур машғул аст. Дар филм таъкид мешавад, ки шогирди Р. Боқиев — Александр Михайлин чемпиони Олимпиадаи Рио-де- Жанейро-2016 гардидааст. Ба ин муносибат мураббиаш Расул Боқиев сазовори ифтихорномаҳои Вазорати варзиш ва Федератсияи ҷудои Русия шудааст.
Расул Боқиеви 34-сола Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, чемпиони ҷаҳон оид ба кураш дар соли 2005, ҷоизадори биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, ҷоизадори биринҷии Чемпионати ҷаҳони соли 2007 дар Рио-де-Жанейро, Ҷомдори ҷаҳони солҳои 2007, 2010, 2011ва 2012, чемпиони Русия дар соли 2009 мебошад.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *