Фишангҳои қарзӣ ва бартарияти онҳо барои ташкилотҳои қарзӣ

Дар  маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд доир ба мавзӯи «Бозори байнибонкии асъор ва дурнамои рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронс баргузор гардид.

Дар он намояндагони ширкатҳои «Thomson Reuters company» ва Биржаи Москва дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи низоми бонкии кишвар масъалаҳои марбут ба низоми музоядаҳо, таҳлили фишангҳои бозорӣ, банақшагирӣ ва идоракунии мавқеи асъорӣ дар бозори асъор ва имкониятҳои нави платформаи «Thomson Reuters» — ро баррасӣ намуданд.

Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳои «Асосҳои идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳои бонкҳои тиҷоратӣ», «Зарурати батанзимдарории муносибатҳои асъорӣ», «Таҳлили техникӣ, фундаменталӣ ва қурби асъор», «Фишангҳои қарзӣ ва бартарияти онҳо барои ташкилотҳои қарзӣ», «Самаранокии сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон» сухан гуфтанд.

Намояндагони «Thomson Reuters company» ва Биржаи Москва фаъолияти бонкҳои Тоҷикистонро дар бозори байнибонкии асъорӣ хуб арзёбӣ карданд. Инчунин намояндагони ширкати «Thomson Reuters company» Бонки миллии Тоҷикистонро барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди технологияҳои иттилоотӣ дар бозори молиявӣ қадрдонӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *