Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фишорбаландӣ қотили ноаён аст

Аввало барои мо донистан зарур аст, ки фишори шараёнӣ чист? Ин ҳодисаест, ки дил кашиш хӯрда, хунро ба дохили рагҳои шараёни тела дода, ба девораҳои рагҳои хунград фишор меоварад, фишори шараёнӣ ё артериявӣ номида мешавад.

Фишорбаландӣ бемориест, ки бо баландшавии фишори шараёнӣ алоқаманд аст. Дар ин маврид сарбории (нагрузка) кори дил мушоҳида мешавад, девораи рагҳои хунград танг шуда, аз дохили онҳо хун бо душворӣ мегузарад. Ғайр аз ин миқдори калони хуне, ки аз дил ба рагҳои хунгард тела дода мешавад, аҳамияти калон дорад. Дар меъёр ҳадди миёнаи фишори хуни шараёнӣ дар ҷавонон 120/80 мм сутунчаи симобиро ташкил мекунад. Ҳангоми чен кардани фишори хун, фишори шараёнии систолики 140 мм. сут. сим. ва аз ин боло ва фишори диастоликии шараёни 90 мм. сут. сим. ва аз ин боло бошад, ин аломати фишорбаландии шараёнӣ мебошад. Ба ҳаяҷон омадан, тарс, ғазаб, фаъолияти ҷисмонӣ, тамокукашӣ, нӯшидани қаҳва метавонад дар муддати кӯтоҳ ба баланд шудани фишори хуни шараёнӣ мусоидат намояд. Баъди ин ҳодисаҳо бисёр вақт нагузашта, фишори хун боз ба ҳадди меъёри худ бармегардад. Агар фишори шараёнӣ 140/90 ва аз ин боло дар муддати дурудароз нигоҳ дошта шавад, ба бемории фишорбаландии шараёнӣ оварда мерасонад. Ҳангоми дар муддати дурудароз баланд нигоҳ дошта шудани фишори шараёнӣ кори дил ва рагҳои хунгард зиёд гашта, ба беморӣ оварда мерасонад. Агар беморӣ дар вақташ муайян карда нашавад, ва табобат сари вақт сар карда нашавад ба иллатёбии (касолати) узвҳои ҳадафҳо (органы мишены) яъне ба иллатёбии дил, майнаи сар,  гурда ва чашм оварда мерасонад. Дарди сар, дилбеҳузурӣ, сиёҳшавии пеши чашмон на ҳама вақт нишонаи фишорбаландӣ мебошад. Бештари беморон баландшавии фишори худро ҳис намекунанд. Ба гурӯҳи хатар шахсони зерин дохил мешаванд: шахсоне, ки наздиконашон яъне падар ё модараш гирифтори фишорбаландӣ мебошанд; шахсони синну солашон аз 35 — сола боло; шахсони вазнашон аз меъёр зиёд; шахсони тарзи ҳаёти камҳаракатдошта; шахсоне, ки машруботи алкоголӣ истеъмол мекунанд; шахсони тамокукаш; шахсоне, ки гирифтори бемории қанд, гурда ва ниқрис ҳастанд.

Усули боэътимоди муайян намудани фишорбаландӣ ин пайваста санҷидани фишори шараёнӣ мебошад. Пайваста санҷидани фишори шараёнӣ метавонад сари вақт бемории фишорбаландиро ошкор намояд. Касоне, ки синну-солашон аз 35 — сола боло ё ин ки наздиконаш гирифтори фишорбаландӣ мебошанд, касоне, ки тамоку мекашанд ва машруботи алкоголӣ менӯшанд, касоне, ки бемории қанд, бемории гурда, бемории ниқрис доранд, касоне, ки вазнашон аз меъёр зиёд аст ва тарзи ҳаёти камҳаракат доранд, бояд сари вақт ба табибҳо муроҷиат карда, мунтазам фишори хунашро чен карда, аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Оризаҳои фишорбаландӣ инҳо мебошанд (яъне фишорбаландӣ агар табобат нашавад ба оқибатҳои зерин оварда расониданаш мумкин): сактаи майнаи сар ё ин ки фалаҷ (иллатёбии рагҳои хунгарди майнаи сар), сактаи дил ( иллатёбии шараёнҳои дил), норасогии кори гурдаҳо, хирашавӣ ва нобиноии чашмон (иллатёбии шараёнҳои чашмон).

Усулҳои ғайридоругии табобати фишорбаландӣ ин парҳез кардан аз хӯрокҳои серравғани чарбуи ҳайвонотдошта, кам кардани истеъмоли намак дар як шабонарӯз то 3,5-4 гр (як чой қошуқча), истеъмоли бештари мева ва сабзавотҳо, даст кашидан аз тамокукашӣ, кам кардани вазни бадан, касоне, ки вазни зиёд доранд, бештар пиёда роҳ гаштан ва бо машқҳои ҷисмонӣ машғул шудан, риоя намудани реҷаи корӣ ва истироҳат мебошад. Усули табобати доругӣ ин мунтазам истеъмол намудани доруҳои фишорпасткунанда мебошад. Муолиҷаи кӯтоҳмуддати фишорбаландӣ (истифодаи яккаратаи ҳабҳои фишорпасткунанда ва ё сӯзандоруҳо) самаранок нест, чунки фишор боз аз нав баланд шуданаш мумкин аст. Гарчанде ки бемор худро хуб ҳис кунад ҳам, бояд табобати тавсияшудаи духтуронро доимӣ қабул кардан даркор аст. Фишорбаландиро сари вақт муайян карда, тамоми умр бояд табобат кардан лозим аст.

Ибодулло Қаноатов, духтури  оилавии Дармонгоҳи Маҷмааи Тандурустии «Истиқлол», тахассусии дараҷаи олӣ

Таҳияи Маҳинаи Давлат

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.