Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фоҳиша кист:Зани танфурӯш ё марди харидор?

«Духтари хуб дар ин замона пайдо намешавад!». Имрӯз дар Facebook бо ҳамин ҷумла рӯ ба рӯ шудам. Ростӣ, баъди хондани ин сухан вуҷудамро як эҳсоси ногуфтанӣ фаро гирифт. Зеро ман соҳиби модар, ҳамсар ва се хоҳар мебошам. Инчунин, дар интизори фарзанди навбатӣ — ДУХТАР ҳастам…

Чаро МО чунин ақида дорем???

Охир духтари нохуб ва ё ба истилоҳ машҳур — ФОҲИША аз модар таваллуд намешавад — ку?!!!

Бале, фоҳиша аз модар таваллуд НАМЕШАВАД!

Фоҳишаро МО — МАРДОН «ихтироъ» мекунем!

Духтари ғариберо, ки дидем, аз ғарибияш суиистифода карда, ба иззаташ хиёнат мекунем ва исмашро мемонем — ФОҲИША!

Духтаре, ки ба як луқма нон ниёз дорад, ӯро шикори ҳаваси худ месозем, баъд номашро мегузорем ФОҲИША!

Духтаре, ки ба мо эътимод мекунад ва мо бо ваъдаҳои ширини издивоҷ фиребаш медиҳем ва ба номусаш хиёнат мекунем, баъд номаш мегузорем ФОҲИША!

Агар мо ба ҳамон духтари ғариб кумак кунем, ӯ ФОҲИША нахоҳад шуд!

Агар мо ба ҳамон духтаре, ки эҳтиёҷманди як луқма нон аст, закот бидиҳем, ӯ ФОҲИША нахоҳад шуд!

Агар мо ба ҳамон духтаре, ки ба мо эътимод мекунад, хиёнат накунем ва ҳамроҳаш никоҳ кунем, ӯ ФОҲИША нахоҳад шуд!

Агар мо хоҳару модар, ҳамсару духтари худро ҳамеша мадди назар дошта бошем, ҳеҷ духтаре ФОҲИША нахоҳад шуд!

Ва хеле агарҳои дигар….

Аслан ФОҲИША кист?

Фоҳиша будан махсуси занон нест!

Ман танҳо ба фоҳишагии заноне, ки ҳар шаб тани худро ба як нафар мебахшанд, боварӣ надорам!!!

Медонед, аз назари шахсии ман фоҳиша кист?

Фоҳиша марде аст, ки иффати духтареро ба ҷурми содагиаш доғдор мекунад!

Фоҳиша марде аст, ки солҳо умри худро бо занони бегона мегузаронад!

Фикр мекунам фоҳишагӣ зану мард намешиносад.

Агар зане, ки танфурӯшӣ мекунад, фоҳиша бошад, фоҳишатар аз он мардест, ки шарофати занеро ба пули ночизе, ки барои сер шудани шиками ӯ ё фарзандоне, ки дар интизори луқмаи ноне ҳастанд, то зинда бимонанд, мехарад!

Фоҳиша яъне касест, ки шарофати худ, инсонияти худ ва инсофу мардонагии худро барои лаҳзае аз лаззат ихроҷ мекунад!!!

Рӯзе ҷамъе аз мардон нишаста буданд. Яке гуфт: «Бештари фоҳишаҳо занҳоянд».

Дигаре гуфт: «Аз занҳо дида, мардҳо бисёртар фоҳиша ҳастанд!»

Аммо касе ба сухани ӯ тарафдорӣ накард.

Он мард суол кард: “Оё шумо ғайри ҳамсари худ бо зани бегонае робита надоштед?”

Мардҳо иқрор шуданд, ки робита доштанд.

Боз суол кард: “Оё занҳои шумо бо мардони бегона робита доштанд?”

Ҳама бо як овоз гуфтанд: “НА!!!”

Ин буд ки ҳама дарк карданд, ки мардҳо бештар фоҳишаанд!!!

Бародари азизи ман, агар пас аз хондани ин навиштаҳои ман ҳоло ҳам ба ин ақида ки: «Духтари хуб дар ин замона пайдо намешавад!» устувор ҳастӣ, пас лутфан, ин ақидаатро ба хостгорони духтар ва хоҳари ХУДАТ бигӯ ва шарафи ХОҲАРИ МАРО ПАСТ НАЗАН!!!

Бо эҳтироми хос

Ромизи ПАРВИЗ, сароянда

P.S. Дар ҷомеае, ки мардон шарофату иззати инсониро ҳифз мекунанд, ҳатто бараҳнатарин зани дунё маҳфуз хоҳад буд!!!

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.