Фоҷеаи Шарора: Шарораи 6 рӯза Парвинаи 30-сола шуд

Оё фоҷиаи Шарора дар ёдҳо ҳаст?

Оё ба хотир дорем, ки дар айни дамидани субҳ замин ларзиду деҳаи Шарораи дар хоби ноз зери хок монд?

Оё дар ёдҳо ҳаст, ки аз ин офати табиӣ танҳо як нафар — кӯдаки нав ба дунё омада, ки ӯро Шарора ном гузошта буданд, наҷот ёфт. 

Ин чанд суол замоне дар зеҳнам чархиду қалам ба даст гирифта хостам давраи 30 соли зиндагии Шарораро нависам.

Дар бораи заминларзаи деҳаи Шарораи ноҳия, ҳозира шаҳри Ҳисор, ки  субҳи 23-юми январи соли 1989 соати 502 дақика, ки марказаш деҳаи Шарора буд, шоиру нависандагон ва шахсони шоҳиди воқеа оид ба ҳолатҳои онрӯза бисёр навиштаанду дар рӯзномаю маҷаллаҳо нашр шудааст. Аз ин хотир мехоҳам имрӯз танҳо дар бораи худи Парвина, ки мо ӯро бо номи Шарора мешиносем, чанд сатре рӯйи коғаз оварам.

Парвина, ки имрӯз 30 сол дорад, он рӯзи фаромӯшнашаванда шашрӯза буд. Ин номро бибияш ба ӯ бо умеди чун ҳамели ситораҳои Парвини бурҷи Сарв серёру бародар будан гузошта буд. Аммо Парвинаи аз оламу одам бехабар, меҳри падарро ҳанӯз эҳсос накарда, шири модарро сер нанӯшида, чеҳраи онҳоро ба хотир нагирифтаю чизеро дарк накарда, аз онҳо ҷудо гашт.

Дар ин хонадон шаш нафар зиндагӣ мекарданд. Падар, модар ва чор фарзанд. Падари Парвина-Хоҷаев Сайфулло, модараш Баротова Муҳаббат ном доштанд. Сайфулло Хоҷаев зодаи деҳаи (Қарапичоқ) ҳозира Ниёгони деҳоти Дурбат ва Муҳаббат бошад, зодаи деҳаи Шарора буданд. Аммо ҷойи истиқоматашон дар деҳаи Шарора. Онҳо ҳар ду дар фермаи хоҷагии ба номи Дзержинский якҷоя яке говдӯшу дигари говбон кор мекарданд.

Рустам ва Талабшо бародарони Парвина яке ҳафтсола буду дигарӣ се сола, апааш бошад, шашсолаю худи Шарора шашрӯза буданд.

Он рӯзи фоҷиа баъд аз кофтуковҳои зиёд гаҳвораи Парвинаро аз зеру хоку чанг мебароранд, ки танҳо дастаи он шикастаасту, аммо Парвина ҳоло ҳам дар хоби ноз аст. Ҳатто рӯйпӯши гаҳвора аз болояш наафтодааст.

Ҳаққо, ки Офаридгор ҳар муъҷизае, ки хоҳад, меофарад ва ҳар чизе хоҳад, ба офаридаҳояш раво мебинад!

Баъд аз чанд лаҳзаи дигар ду — се метр аз гаҳвора дуртар ҷасади оғуштаи хоки Сайфуллоро мебароранд.

Аҳли авлоди духтарак тифлу гаҳвораро ба хонаи осебнодидаи наздик мебаранд ва сипас ба беморхона мефиристанд. Баъдтар номашро табдил дода, ба хотири ғафлатшаҳидони деҳа, ҳамчун нишонаи мурдаҳои пурорзу ва рамзи фоҷиаи маҳал ба тифл Шарора ном мегузоранд. Бародари падари Шарора яъне, амакаш Ҳабибулло ва янгааш Розия Шарораро ба фарзандхондӣ гирифта ҳуҷҷатҳояшро ба расмият медароранд. Ҳабибулло бо вуҷуди фоҷиаи ба сарашомада қонеъ буд, ки нишонаи бародараш бо ӯст.

Марде аз Аврупо Лиопард Гуген Берген аз шаҳри Клагенфурти кишвари Австрия ба Тоҷикистон омада, Шарораро ба худ фарзанд хонда кумакҳо кард. Шарора низ борҳо ба шаҳри падархондаш рафта, моҳҳо бо онҳо зиндагӣ кардааст. Дар ин раванд дар Донишгоҳи Клагенфурт ҳамроҳи дигар хориҷиёне, ки бо мақсади омӯзиши забони олмонӣ омада буданд, забон омӯхтааст. Ӯ ҳамроҳи падархондаш ба давлатҳои Италия, Шветсия, Германия, Испания, Малта ва Тунис сафар кардааст.

Шарора дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи Шарора таҳсил карда, дар ин миён барои малакаи дониши худро зиёд намудану омӯзиши забонҳои хориҷӣ ду сол дар яке аз гимназияҳои шаҳри Душанбе таҳсилашро идома дод.

Баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёна ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба бахши забони олмонӣ супорида, дохил ва он ҷоро хатм намудааст. Ҳоло ӯ донандаи забони олмонӣ мебошад.

Шарораи бо амри тақдир ва ҳукми тасодуф зиндамонда айни замон 30 — сола асту соҳиби оила ва се фарзанд мебошад. Шавҳари Шарора – Маъруф Ғафуров  бо соҳибкорӣ машғул аст.  Фарзандонаш – Оишабону, Роҳилабону ва Олимҷон дар ҳалқаи падару модар умр ба сар мебаранд.

Гузаштагонро Худо раҳмат кунад.

Ф. Одинаев,

узви  Иттифоқи  журналистони Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *