Фоҷиа дар Хоруғ

Бар асари ин фоҷиа се нафар ҳалок ду нафар дар ҳолати вазнин бардоштанд.
Ҳодисаи мазкур бар асари беэҳтиётии ронандаи авомашинаи ТАНГЕМ дар шоҳроҳи Рошқалъа-Хоруғ ба вуқуъ пайваст. Тахминан соати 22, 24 июн ҳангоми ворид шудан ба Хоруғ ронанда Девлахов Анонилло Шакаровичи 26 сола аз уҳдари идора кардани мошин набаромад ва мошин чапа шуда ба дарёи Шохдара афтод. Бар асари ин ҳодиса ронанда ва мусофир Адолатшоев Некрӯзи 28 сола, сокини шаҳри Хоруғ ҷароҳати вазнин бардошта дар беморхона бистарӣ шуданд. Ду мусофири дигари мошин Шикорчиева Зарнисори 25 сола, сокини деҳаи Бартанг, Аноятшоева Зарнигор Тиллоевна, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон бо писарчаи 4 солааш Абуалӣ Сино дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Субҳи дигар ҳангоми аз дарё берун кашидани мошин Замиров Гулазиз, сокини Рошқалъа низ ба ҳалокат расид. Ҳангоми берун кашидани мошин симтаноб канда мешавад ва сари ӯ мезанад ва ин сабаби марги мавсуф мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *