Фоҳишаҳои “Саховат”

 

Дар байни онҳо ноболиғон ҳам ҳастанд

Ин “точка”-и мояй!

Вақтҳои охир сафи занону духтарони сабукпой чунон афзудааст, ки ҳисобашон гум, хусусан дар назди бозори “Саховат” занону духтарони зиёди бадахлоқу бадрафторро дида, табъи кас вайрон мешавад. Занҳои танфурӯш бо ҳаракатҳои беҷою суханони аз доираи одоби инсонӣ берунашон дарҳол таваҷҷуҳи роҳгузаронро ба худ ҷалб намуда, дар дили кас ҳисси нафратро бедор месозад. Манзили мо дар наздикии бозори “Саховат” аст. Шоме моро ба хонаи як дӯсти шавҳарам ба меҳмонӣ таклиф намуданд ва падари бачаҳоям занг зада  гуфт, ки ӯро дар назди “Гарант” интизор шавам. Омодагӣ дида ба ҷойи таъиншуда рафтам. Аз омаданам панҷ дақиқа нагузашта ду зани ситорахунук, ки фоҳиша буданашон аз чеҳраи бе нурашон аён буд, ба наздам омаданд ва яке аз онҳо лабашро норозиёна бурма карда гуфт:

-Одами навӣ? Дуртар рафта “шикор” кун, инҷа точкаи мояй….

Пай бурдам, ки ин занҳои сабукпой маро “ҳамкасб”-и худашон гумон карда, ба ташвиш афтидаанд, ки “точка”-и онҳоро аз худ намуда, “клиент”-ҳояшонро соҳиб мешавам. Базӯр ғазабамро фурӯ бурда гуфтам:

-Точкаатон ба худатон насиб кунад! Ман шавҳарамро интизорам.

-Кайфи ту дугона, шӯ дорӣ, хонаву дари обод дорӣ, ранги мо ҳар рӯз ай ҳар хару хингил шатта хӯрда, шава дар таги “Гаранг” саҳар намекунӣ,-Бо ҳасад сар то пойи маро аз назар гузаронида истода гуфт фоҳишаи дигар.

Ҳамин тавр аз гап гап баромад ва ман ба саволҳои зиёде, ки ҳар бори аз назди чунин бонувони гумроҳ гузаштан дар майнаам чарх мезаданд, посух ҷустам. Инак, фишурдаи суҳбати худро бо Зарринаю Мунира ва дигар фоҳишаҳои “Саховат” пешкаши хонандагони азизи “Оила” месозам.

 Милисаҳо аз мо қимобанд

арои дар ин ҷойи ҷамъиятӣ ба танфурӯшӣ машғул шудан шуморо ҷазо намедиҳанд? Умуман аз милисаҳо метарсед ё не?

-Моро ҳар рӯз ба “отдел” (шуъбаи корҳои дохилиро дар назар дорад) мебаранд. Милисаҳо аз мо қимоб шудаанд,-Бо хандаю нағмаҳои нафратовар гуфт яке аз занҳои сабукпой.

-Гурги борондидаед гӯед?

-25 сол шуд, ки ма ба ҳами кор машғулум, дига ай ягон бало наметарсум,-Ба суҳбат ҳамроҳ шуд фоҳишаи дигар, ки дар чеҳрааш аллакай тӯри ожанг пайдо шуда, ба назар қариб 50 -сола менамуд.

Магар ягон касбу кори дигар нест, ки ба ин амали зишту нангин машғул шуда, обрӯи худро мерезонед?

Эҳ хоҳар, агар касбу ҳунар медоштем, дар ин ҷа худмона дар азоб намемондем. Касб надорем, барои ҳамин рӯзмона дар ҳамин ҷа азоб қати шабу шабнома саҳар мекунем.

Вақтҳои охир одамкушӣ авҷ гирифтааст. Аллакай сари чанд зани сабукпойро аз тан ҷудо карда, ба дарё ва партовгоҳ партофтанд. Наметарсед, ки шуморо мекушанд?

Авбошу герчико бояд ай мо тарсанд, мо ай уво наметарсем.

-Ягон бор аз “клиентҳоятон” шатта нахӯрдаед?

-Бе ин намешава! Баъзе номардош баъди коршон буд шидан, пул додан намехоҳан, баъд гапмон мегурезаву моро мезанан…

Шунидем, ки шумо бо маблағи ночиз, яъне бо 5-10-сомонӣ “хизмат” мерасонед. Магар бо 5-10-сомонӣ оилаатонро таъмин карда метавонед?

-Аввалуш ин ки нархи мо 5-10 сомонӣ не, соатуш 50-100 сум меиста! Дуюм, мо на оила дорем, на хонаву дар, соҳиб медоштем, дар ин ҷа танфурӯшӣ намекардем!

-Ҳар зан мехоҳад хонадони обод ва фарзандони дӯстрӯяк дошта бошад. Наход дар дили шумоён ягон зарра меҳри модарӣ ва орзуи зиндагии осуда набошад?

-Шумо фикр мекунен, ки мо ай мастимона ҷ-бӣ мекнем? Мо ҳам инсонем, дил дорем, мехоҳем шӯ дошта бошем, бачу кач дошта бошем, некӣ ку ҳаму мардакои хубе, ки мора саробонӣ кунан?!

-Аз ҳама ҷавонтаринатон чандсола аст?

-Ай ҳама ёшмон Сумаяҳай, соли таваллудуш 2000-ум. Аллакай як бор кӯдакша аборт кард, бо панҷмоҳа буғуз (ҳомиладор) шидай. Сад бор гуфтем, ки ягон дору хӯр ё спирал мон, ки шикамут дам накуна, гапмона нагирифт. Худуш ҳоли кӯдакай, ақлуш ба ин коро намераса…

Мегӯянд, ки баъзе  фоҳишаҳо клиентҳояшонро ғорат мекунанд?

Мо дузд нестем, неки дар байнмон якта ҳамухели стерва ҳастай. Худуш хона дора, мардакои қишлоқию лоха хонаш бурда маст мекнаю баъд пулу телефоношона “барра  мезана! “ (яъне медуздад)

-Шабатонро дар куҷо саҳар мекунед?

Клиент шава, қатиш мерем, клиент нашава, то саҳар дар пеши ҳами “Гарант” мешинем.

Насиба духтари боодоб буд, вале….

Дар байни занони танфурӯш Насибаро дида ҳайрон шудем, зеро ман ин духтаракро хуб мешинохтам. Ин духтарак аз оилаи солим буда, замоне ҳамроҳи падару модар ва апаву акаҳояш дар наздикии бинои мо истиқомат мекард. Наздиктар рафта пурсидам:

-Насиба, ту дар ин ҷо чӣ гум кардӣ?

Чеҳраи ин духтараки ноболиғ андаке сурх шуда гуфт:

-Отаму очам намондан, ки хонум, барои ҳамин қати ҳами “ҷӯраҳом” дар ҳамин ҷа чақ-чақ карда мегардум…

-Ба фикрам, ту ҳанӯз мактаби миёнаро хатм накардаӣ-ку!

Ҷавоне, ки аз миёни Насиба оғӯш карда меистод, ба ӯ имкони даҳон кушодан надода, бо заҳрханда гуфт:

-Мо ин чӯҷачая дар бағалмон калон кардем, вай дига кӯдак нестай, дилуш чӣ коре, ки хоҳа, кардан мегира…

-Сару либос, рафтору гуфторат тамоман дигар шудааст, Насиба!

-Ман дига Насибаи медонистагии шумо нестум! Калон шидам, қати касе, ки хоҳум мегардум,-Насиба мағрурона аз мо дур шуд ва ман дар дил афсӯс хӯрдам, ки бо касофати ҷавонони айёш боз як духтараки хушахлоқ аз кӯчаи одамгарӣ баромадааст.

Фоҳишаҳо чӣ мехоҳанд?

Дар охири суҳбат иқрор шудам, ки ман журналист ҳастам ва тамоми гуфтаҳои онҳоро дар газета чоп мекунам. Гумон доштам, ки занҳои танфурӯш бо шунидани ин гап рӯ ба гурез мениҳанд, вале хаёлам хом баромад. Журналист буданамро фаҳмида, тамоми фоҳишаҳо дар атрофам ҷамъ шуданд ва хоҳиш карданд, ки дарди дили онҳоро дар саҳифаи газета ҷой диҳем.

-Дили мо пури дарду аламай, лекин одаме нест, ки рози дилмона гӯем. Мардум фоҳиша гуфта, ай мо ҳазар мекунан, илоҷ ёбанд, мумкин мора сангсор кунан. Мо ҳам одамем, модам хонаю дари гарму обод мефора. Барои чор танга пул ай ҳам марду номард шатта хӯрдан дар дилмон задай, мо ҳам мехоҳем, ки  шӯ дошта бошем, фарзанд дошта бошем, одам бори зиндагӣ кунем, неки маҷбурем…. Шарт нест, ки ҳама кора давлат куна, одамои пулдор, бойбобоҳо дар кишвари мо бисёран, агар ягон завод ё ферма созан, мо ҳам ай баҳри ҳами кори ҳаром гузашта, меҳнати ҳалол қатӣ зиндагӣ мекунем…

С. Неъматӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *