Фонограммасароӣ кори шогирди Ҷӯрабек Муродов нест (Аксҳо ва Видео)

Имрӯзҳо овозхононе, ки ҳангоми ҳунарнамоӣ аз фонограма истифода мебаранд хело зиёд шудаанд. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳастанд ҷавонони ҳунарманде, ки истеъдоди худододӣ доранду ба ягон сохтакорие эҳтиёҷ надоранд.

Яке аз чунин ҷавонони санъаткор шогирди устоди нотакрори санъати тоҷик Ҷӯрабек Муродов, сарояндаи хушсадо Бобоҷони Амонуллоҳ мебошад, ки моҳи равон бо мақсади шод кардани хотири ҳамватанони муҳоҷир бо «Паррандаҳои орзу” -яш  ба Русия сафар кардааст.

  

То ин дам аллакай чанд барномаи консеритии ин санъаткори асил дар дар Маскав баргузоргаш ва аз ҷониби ҳаводорон ва ҳамватанон хуш пазируфта шуд. Ҳоло Бобоҷон ният дорад то соли нав барои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Барнаул ва Тюмен ҳунарнамоӣ кунад.

Набиҷон Шодиев яке аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар саҳифаи хеш порае азбо овози зинда сурудхлнӣ кардани Бобоҷони Амонуллоҳро гузошта аз он изҳори таасуф кардааст, ки мутасифона ҷойи чунин санъати асилро фонограмасароӣ гирифтааст.

Набиджон Шодиев
16 ч ·

 Бахор бо садойи булбулон хушаст. Сахнаро суруд бо овози зиндайи санъаткор дигаргун мекунад. Мисли дехконе ки мехнат мекунаду рохаташро савдогаре мебинад. Хофизонеро ки бо овози зинда сурудхойи дардошноро месароянд гохе овозхойи сохта чойи онхоро пахш месозад. Бобочони Амонуллоҳ бошад бовар дорад ки машакатхояш беройгон намеравад ва рузе мардум кадрашро дучанд мепарастанд.

Ногуфта намонад, ки Бобоҷони Амонуллоҳ  яке аз иштирокчиёни фаъоли озмуни   “Оҳанги ҷавонӣ” аст, ки аз тарафи ҳафтаномаи “Оила” ва сомонаи tajikistantimes.tj ташкил шудааст, мебошад. Ва ҳаммаи онҳое, ки дустдори санъати волои Бобоҷонанд метавонанд ба ҷонибдориаш овоз диҳанд. Овоздиҳӣ бо ду роҳ сурат мегирад

  • Харидории ҳафтаномаи оила ва пур кардани баргаи озмун бо номи ҳунарманди писандида
  • Ворид шудан ба сомонаи tajikistantimes.tj ба бахши озмун https://tajikistantimes.tj/projects/ozmuni-o-angi-avon/ овоз додан ба ҳунарманде, ки писандатон аст.    

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *