Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Покистон дар Душанбе баргузор мешавад

Сарвазири Покистон Имрон Хон барои ширкат дар як Форуми тиҷоратӣ бо Тоҷикистон аз Душанбе дидан мекунад

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон бо як сафари расмӣ ба Душанбе меояд ва дар ҷаласаи чоруми Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ширкат мекунад, хабар медиҳад вазорати корҳои хориҷии кишвар.

Сафари расмии сарвазир рӯзҳои 16-17 сентябр дар назар аст.

Интизор меравад, ки дар ин сафар нахуствазири Покистон бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, бастаи нави санадҳо оид ба ҳамкории минбаъдаи судманд миёни Тоҷикистону Покистон ба имзо мерасад.

Илова бар ин, Имрон Хон дар нишасти солонаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳамчунин дар ҷаласаи муштараки сарони кишварҳои СҲШ ва СААД дар Душанбе ширкат хоҳад кард.

Дар ҷараёни сафари расмӣ ба Душанбе сарвазири Покистонро вазири хориҷии ин кишвар Маҳмуд Қурайшӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *