Фролов аз баргузор нагардидани «Полки абадӣ» таасуф кард

Сафири Русия дар Тоҷикистон аз иҷоза надодани раҳпаймоии «Полки абадӣ» дар Душанбе, изҳори таассуф кард. Рӯзи 9 майи имсол дар Душанбе роҳпаймоӣ ё маъракаи “Полки абадӣ” баргузор намешавад ва мақомот далели ин тасмимро “фаннӣ” хонданд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи 5 май дар ҳошияи як нишаст ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон доир шуд, гуфт, «амалиёти “Полки абадӣ” дар Русия ва кишварҳои Аврупо ва Амрико баргузор мешавад. Дар Русия дар ин амалиёт миллионҳо нафар ширкат мекунанд. Ин иқдоми таҳмилӣ ё иҷборӣ нест. Ҳар нафар довталабона бо аксҳои бузурги пайвандонаш ба хиёбон мебарояд. Ин амал навъи поси хотир ё гиромидошти қурбониёну ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Ин чорабинӣ ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбият карда ва аз қурбониёни зиёде, ки дар замони ҷанг дар роҳи озодии ватан ҷон бохтанд, ёдоварӣ мекунем.»

Сафири Русия дар идома гуфт, «аз он, ки ин амалиёт дар Тоҷикистон баргузор намешавад, мутаассиф ҳастам. Ба ҳар сурат ман бовар дорам, ки дар арафаи Ҷашни Ғалаба барои баргузории амалиёти “Полки абадӣ” иҷозат мешавад. Зеро ин тадбири сиёсӣ набуда, танҳо поси хотири қурбониёни ҷанг, падару бобо ва бобокалонҳои мо аст. Ин тадбир ҷанбаи тарбиявӣ дорад. Ин ба хотири бачаҳою насли наврас аст, ки аз воқеъияти Ҷанги Бузурги Ватанӣ огоҳ шуда, аз такрори чунин фоҷиаи хунин ҷилавгирӣ кунанд.»

Таджикистан: акция «Бессмертный полк» в планы не входит

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *