ФСБ ду тоҷикро бо ҷурми гумонбарӣ бо терроризм кушт…

Дар Тюмен Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) дар натиҷаи як амалиёт ду гумонбар ба терроризмро нобуд кардаанд.

Дар хабари расмӣ омадааст, кушташудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон буда, гуё нақша доштаанд дар маконҳои серодам ҳамлаҳои террористӣ анҷом бидиҳанд. Санҷидани дурустии ин иддао имкон надорад.

Мақомоти Русия ному ҷузъиёти дигари марбут ба гумонбаронро нашр намекунанд. То ҳоло мавқеи наздикони кушташудаҳо дар бораи ин ҳодиса дастрас нашудааст.
Ба навиштаи Хадамоти амнияти федеролӣ, гуё ин афрод узви эҳтимолии гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» буда, шаби 28-уми июл дар амалиёти боздошт ба ходимони ҳифзи ҳуқуқ муқовимат кардаву норинҷакро таркондаанд. Ба иттилои расмӣ, «ҳарду гумонбар ҳангоми задухӯрд нобуд карда шуданд. Аз онҳо лавозимоти ҷангӣ, силоҳҳои оташфишон, маводи омодаи тарканда ва адабиёти динӣ дарёфт шуд.»

То куҷо воқеият доштани ин ҳодиса маълум нест, чун дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар бораи саҳнасозӣ будани баъзе аз чунин боздоштҳо таъкид кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, полис ба хотири боло нишон додани омори пешгириву боздошти гумонбарони терроризм гоҳо даст ба сохтакорӣ мезанад ва заифтарин қишри ҷомеа — муҳоҷирони кориро дар қабои террористу ҷинояткор муаррифӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *