Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фурқати Саид: Шашмақомро тарғиб мебояд, то фардо ангушт нагазем!

Ҳамасола 12-уми май дар Тоҷикистон, ҳамчун “Рӯзи Шашмақом” таҷлил мегардад. Шашмақом – “шоҳкории оламшумули мардуми тоҷик” ва “шоҳномаи мусиқӣ” таърихи жарфу амиқе дорад ва аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО низ ҳамчун куҳантарин сабки мусиқӣ сабт гардидааст.  Дар Рӯзи Шашмақом бо овозхони шинохта ва устоди ин жанри мусиқӣ – Фурқати Саид сӯҳбате оростем:

Ҳамқадами замон

– Меоваранд, ки дар даврони Шӯравӣ ба ҳунари Шашмақом аҳамияти кам медоданд ва Шашмақом дар замони истиқлол рушд намуд. Ҳол он ки дар ҳамин давра мақомсароёни забардаст ва тавонову шинохта, ба мисли Маъруфхоҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Мастона Эргашева, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон ба саҳнаи ҳунар омаданд.

– Ҳар давру замон чеҳраҳои мондагори хешро ба майдон меорад. Чи дар дарбори амирони Бухоро, чи замони Шӯравӣ ва чи дар замони Истиқлолияти кишвар ҳунармандони асил бо гӯишҳои мондагори хоси хеш вориди таърихи мусиқии суннатии тоҷик гардидаанд. Шашмақом аз пайдоиш то имрӯз ҳамқадами замон буду ҳаст ва мемонад. Ҳунармандони дарбор оҳангу суруду таронаҳои мақомҳоро рӯи парда оварданд, яъне офариданд, ромишгарони даврони Шӯравӣ он ҳамаро иҷро карданд ва имрӯзиён даст ба илму эҷоди ин шоҳномаи мусиқӣ ниҳоданд. Ва фикр мекунам, замони Истиқлол бар рушди Шашмақом имкониятҳои фаровон овард.

Лек, аслан барои азбар намудани пораву қисматҳои Шашмақом бояд зиёда аз 25 сол омӯхт, баъдан донанда ва хонандаи асил шуд. Фикр мекунам, насли ҷадид дар заминаи кору пайкори устодон асарҳои шунидании зиёдеро болои тораоҳанг хоҳанд овард ва ҳар яке чеҳраҳои шинохтаи ин навъи мусиқӣ хоҳанд гардид.

– …Ва Истиқлолият то чӣ андоза ба рушди Шашмақом дар кишвар мусоидат кард?

– Баъд аз Фармони тақдирсозу саривақтии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 12 майи соли 2000 роҷеъ ба рушду инкишофи санъати шашмақомхонӣ дар кишвар корҳои зиёде дар ин самт ба анҷом расиданд. Таъсиси гурӯҳҳо ва студияҳои мақомхонӣ дар тамоми вилояту шаҳру ноҳияҳо, нашри асарҳои илмиву эҷодӣ аз ҷониби мусиқишиносон ва устодони варзида, баргузории конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, барномаҳои илмиву адабӣ тавассути радио ва телевизион, эҷоди асарҳои нав дар пардаҳои Шашмақом аз шумори онҳоянд. Қисматҳои мушкилоти мақомҳо аз ҷониби ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радио дар хазинаи мондагори миллат сабт гардид.

Вазъ: ризову норизо

– Бо ин вуҷуд, сабаб чист, ки имрӯз насли ҷавон аз Шашмақом дур шудаанд?

– Ба ин андеша розӣ шуда наметавонам. Дар чанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Овози тиллоӣ”, “Парвин” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” насли ҷавон аксар дар жанри шашмақомхонӣ ширкат варзиданд ва ин шаҳодат аз он аст, ки таваҷҷуҳ ба ин навъи мусиқӣ байни ҷавонон зиёд аст.

– Вазъи мусиқӣ ва Шашмақоми имрӯз, фикр намекунед, нигаронкунанда аст?

– Ҳамон гунае, ки соҳаи илм, маориф, тандурустӣ, варзиш дар кишвар норасоӣ доранд, фарҳанг ҳам мушкилотҳоеро дар пай дорад.

 Таҳкурсии бинои нави шашмақом

– Саҳми устод Айнӣ ва академик Ғафуров дар Шашмақом чи андоза аст?

– Саҳми ин устодон дар таъриху адабиёт ва фарҳанги тоҷикон хеле беш аст. Дар Шашмақом низ ин устодони барҷаста ва некном зиёд аст ва аслан таҳкурсии бинои нави Шашмақомро эшон гузоштаанд. Бо ҷонбозиҳои устод Айнӣ ва аллома Ғафуров соли 1947 бори аввал ансамбли ҳофизон таъсис ёфт, ки бори Шашмақоми оламгир ба дӯшашон вогузор буд. Академик Аҳрор Мухторов дар асари худ “Мероси ниёгон” нигоштаанд, ки Б. Ғафуров (роҳбари вақти кишвар) донанда ва танбурии чирадаст Фазлиддин Шаҳобовро назди худ мехонад, доир ба рӯи адвор овардани оҳангу суруду таронаҳои Шашмақом.  Ф. Шаҳобов мегӯяд, ки донандаи хуби ин шоҳасар Бобоқул Файзуллоев аст ва ӯ дар Бухоро умр ба сар мебарад. Аллома Б. Ғафуров Ф.Шаҳобовро барои ба шаҳри Душанбе (он гаҳ Сталинобод) овардани устоди навошинос Б.Файзуллоев ба Бухоро равон мекунанд ва бо роҳҳои бисёр мушкил Ф.Шаҳобов, Б.Файзуллоевро ба шаҳри навини тоҷикон меорад ва ҳамчунин донандаву хонандаи дигари бухороӣ – Шоҳназар Соҳибовро аз Тошканд даъват мекунанд. Бо иқдому дастгирии Б. Ғафуров сегонаи бухороӣ дар панҷ ҷилд Шашмақомро рӯи адвор меоранд ва ин асарҳои ҷовидона дар шаҳри Маскав солҳои 1950-1957 нашр гардида, асари рӯимизии алоқамандони мусиқии суннатӣ  мешавад.

Аммо агар устод Айнӣ ва аллома Ғафуров ин ганҷинаро ба меҳан оварда бошанд, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони тақдирсоз ба он умри дубора бахшид.

Аз Бухоро то Душанбе

– …Ва Шашмақом аз Бухоро то Душанбе: тағйироте будаву ҳаст?

– Шашмақом охири асри XVII ва ибтидои асри XVIII ҳамчун асари бузургҳаҷми силсилавӣ дар Бухоро арзи ҳастӣ кард ва он ҷо рушду инкишоф ёфт.  Ва сегонаи бухороӣ – Б. Файзуллоев, Ш.Соҳибов ва Ф.Шаҳобов аз зумраи нафароне буданд, ки Шашмақомро бо худ оварданд ва дар Душанбешаҳр маскан гирифтанд. Дар ҳамгироӣ бо ҳавзаҳои дар кишварамон буда, Шашмақоми Бухоро омезиш ёфт ва имрӯз ҷойгоҳи хешро дар фарҳанги суннатии шифоҳӣ пайдо намуд.

Аз тоҷикон то туркон

– Мегӯянд, Шашмақоми имрӯз баҳампайвастаи Шашмақоми туркӣ аст: то чӣ андоза инро мепазиред?

– Ин шоҳкорӣ бо номи оламшумули Шашмақом вирди забонҳо гашта ва бешубҳа, навояш ба дилу дидаи мардумони ғайр роҳ ёфтааст ва онҳо аз ин шоҳномаи мусиқӣ баҳра бардошта, дар чаҳорчӯби мақомҳои тоҷикӣ асарҳо эҷод намудаанд, ки аслан номгӯи сурудҳояшон ҳам тоҷикӣ аст. Албатта, лаҳни хонишашон аз сабки мо фарқ дорад: қабилаҳои туркӣ мақомҳоро бо димоғ месароянду устодони мо аз дил.

Мутаассифона, имрӯз гурӯҳҳо ва нафароне дар кишвар пайдо шудаанд, ки мехоҳанд тарзи хониши бегонаро дар Шашмақоми тоҷикӣ роҳандозӣ кунанд, ки ин хоси фарҳанги ҳазорсолаи мо нест ва гуноҳест азим. Бояд пеши ин раванд аз ҷониби масъулони соҳаи фарҳанг ба зудӣ гирифта шавад. Ҳатто, кор то ба ҷое расидаст, ки имрӯз нафаре асарҳои Шашмақомро моли худ медонад.

Возможно, это изображение (1 человек, стоит, гитара и на открытом воздухе)

Тарғиб мебояд то ангушт мегазем

– Пас, анъанаи шашмақомхонӣ то чӣ андоза ҳифз мешавад?

– Шашмақом бештар ба завқ иртибот дорад ва на ҳар кас қобилияти шунидан ва аз худ кардани ин шоҳкориро дорост. Барои ба дунёи маънавии ин шоҳномаи мусиқӣ ворид шудан рӯзҳову моҳҳову солҳоро бояд сипарӣ намуд. Насли ҷавонро нахуст аз олами пурфасонаи Шашмақом огаҳ сохт ва тавассути роҳнамоӣ ва фаҳмондадиҳӣ вориди ин ганҷина кард, то тавонанд дохили ин ганҷи ройгон гумкардаи хешро пайдо созанд.

– Устод, нигарониҳо аз он ки Шашмақоми асили тоҷикӣ комил ҳифз нашудааст, аз ҳар сӯ садо медиҳад. Мегуфтед, Шашмақоми кӯҳистон то чӣ андоза ҳифз шудааст?

– Аксар устодони шуҳратёри Шашмақом аз кӯҳистон роҳ сӯи шаҳрҳои азими фарҳангӣ ниҳодаанд ва он ҷо дар ҳунар ба камол расида ва асарҳое офариданд осмонӣ. Дуруст аст ва имрӯз бояд оҳангу сурудаҳои ҳавзаҳои ҳунарии кӯҳистони тоҷикро мутахассисон рӯйи адвор сабт намоянд ва дар шакли асари эҷодӣ пешниҳоди аҳли завқ намоянд. Асарҳои дар пардаҳои мақомҳо эҷод намудаи устод Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев, Иброҳим Кобулиев, Саймуддин Бурҳонов, Зафар Нозимов аз шумори онҳоянд.

Аммо дар ин баробар бояд бигӯям, ки имрӯз чи дар расонаҳои давлатӣ ва хусусӣ аз қабили телевизионҳову радиоҳо ва матбуоти даврӣ тарғиби Шашмақом дуруст ба роҳ монда нашудааст. Тамоми шароитро баҳри омӯзиши ҷавонон аз ин навъи мусиқии аҷдодӣ бояд ба роҳ монем, то дар оянда аз ин насл мақомхонҳои асилу шинохта тарбия ёбанд ва давоми умри мо бошанд.

– Роҳи рушд ку, устод?

– Алҳол дар нақшаҳои таълимии аксар мактабу коллеҷҳои санъат ва ҳунаристонҳои олии кишвар Шашмақомро меомӯзанд. Як навъ ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ҳам дар ин самт каме фаъол гаштааст, аммо Шашмақом ва ҳунармандони ин шоҳкорӣ ниёз ба дастгирии молӣ ва маънавӣ доранд. Маоши хеле ночиз наметавонад боиси рушди ин соҳаи хеле пурмашаққату заҳматталаб бошад. Имрӯз мо атрофи ҳифзу нигаҳдории ин мероси ниёгон андеша кунем, ки фардо ба монанди сарзаминҳои фарҳангии аз даст рафтаамон ангушти надомат магазем.

– Сипос ба Шумо барои суҳбати самимӣ ва ошкоро! Рӯзи Шашмақом муборак!

– Саломат бошед!

Мусоҳиб

Меҳрофарин НАҶИБӢ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.