Фурӯши асал ва озмуни ангур доир мегардад

Фардо дар бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе ҷашнвораи намоиши фурӯши асал ва озмуни ангур баргузор мешавад. Дар назар аст, ки беҳтаринҳо мукофотонида мешаванд.

Ҳадафи баргузории ин ҷашнвора ва озмун тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур ва аз таҷрибаи деҳқон баҳра бурдан аст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишварзӣ, то 30-юми сентябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар 232146 оилаи занбури асал (103,3%) мавҷуд буда, дар ин давра 1886,3 тонна (100,1%) асал истеҳсол карда шудааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи оилаҳои занбӯри асал 7521 адад ва истеҳсоли 1, 8 тонна зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *