Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фурудгоҳи Хуҷанд мусофирони табашон аз 37 болоро ба бемористон мефиристад

ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна вирусу гепатитҳо, бахусус вируси нав – коронавирус, чораандеширо пурзӯр кардааст.

Раҳимов Абдуазиз, муовини сардори нуқтаи карантинии назорати давлатии санитарӣ — эпидемиологии вилояти Суғд, ки шабонарӯзӣ дар фурудгоҳ фаъолият мебарад,  гуфт, ки ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд” тепловизор, яъне таҷҳизоти муосири ҳароратсанҷро  ба арзиши 25 ҳазор доллар харидорӣ кард, ки он барои муайян кардани ҳарорати бадан пешбинӣ шудааст:

 “Ҳамаи он муҳоҷироне, ки ба фурудгоҳ ворид мешаванд новобаста аз он ки аз кадом кишвар ба вилояти мо омада истодаанд ҳатман тариқи тепловизор ҳарорати бадани онҳо санҷида ва  муайян карда мешавад. Дар сурати аз 37 дараҷа баланд будани ҳарорати бадан, мо шаҳрвандонро алоҳида ҷудо карда, бо мошини махсус дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи тибби вилоят ба беморхонаҳои дахлдор, аз ҷумла беморхонаи сироятӣ,  интиқол медиҳем. Он ҷо 14 рӯз зери назорат ва табобат қарор дода мешаванд.

Раҳимов афзуд: “Баъди 27 декабр то имрӯз беш аз 4 ҳазор муҳоҷирони воридшударо ташхис кардем, хушбахтона, дар бадани ягон нафари онҳо ягон хел вирус, хоса вируси маргвари хитоӣ, мушоҳида нашуд. Ин шумораи шаҳрвандон на танҳо ягон намуд вирус надоштанд, балки аломатҳои ягон беморӣ ҳам мушоҳида нашуд, яъне комилан сиҳатанд”.

ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” дар майдони 246 гектар ҷойгир аст  ва ҳамарӯза то 20 сафари ҳавоӣ (рейс)  қабул мекунад.

Ёдовар мешавем, ки баъди паҳн шудани коронавирус дар Хитой донишҷӯёну соҳибкорон ва дигар шаҳрвандони мо, ки дар он кишвар таҳсил ва кору зиндагӣ доштанд, бо муроҷиат ба мақомотҳои дахлдор талаби ба Ватан баргаштанро карданд. Рӯзи 5 феврал раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт: -Аз 27 декабр то имрӯз 157 нафар шаҳрвандони вилояти мо аз давлати Хитой омаданд ва ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ зери назорати кормандони соҳаи тиб қарор гирифтанд. Беш аз 150 нафар сокинони вилоят, ки баргаштанд баъди ташхис дар ҳуҷраҳои махсус бистарӣ карда шуданд. Инчунин тамоми табобат ва 3 вақт хӯрок ройгон ба онҳо пешбинӣ карда  шуд.

Фарзона Муродӣ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.